Қосим Қосимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Қосим Қосимов
Қосим Қосимов
Зодгоҳ:

Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Навъи фаъолият:

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қосим Қосимов — собиқ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Қосим Қосимов 3 октябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Фарзанди арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ Роҳбар Қосимов (1930-1974)
  • Соли 1986 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисос:агроном
  • Аз соли 1986 то соли 1989 дар вазифаи агротехник фаъолият намуда, баъдан вазифаҳои агроном-энтомологи колхози 40-солагии Октябри ноҳияи Хуҷанд, котиби дуюми комитети ноҳиявии комсомол буд.
  • Солҳои 1994-96 раиси ноҳияи Хуҷанд.
  • Соли 1992-94 раиси Шӯрои иттифоқи ҷавонони вилояти Ленинобод.
  • Аз 12-уми феврали соли 1996 раиси вилояти Ленинобод.
  • Соли 1995-2000 вакили мардумии Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи интихоботии 122-юми ноҳияи Ёвон. Аъзои кумита оид ба илм, маълумот ва сиёсати ҷавонон.
  • Аз соли 2000 аъзои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм. Раиси комитет оид ба иқтисод ва коммуникатсия.
  • Соли 2005 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм.
  • Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.
  • Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 аз вазифаи ишғолкардааш озод карда шуд. Соли 2007 бо ихтиёри худаш аз ҳайати Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даст кашид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 ва бори дуюм аз 21 ноябри соли 2013 Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Пайвандҳои беруна[вироиш]