Қосири Шервонӣ
Қосири Шервонӣ |
|---|
Қосири Шервонӣ (форсӣ: قاصر شیروانی), Мирзоисмоил фарзанди Ҳоҷӣ Муллосалими Шервонӣ (1824—1897, Шервон) — шоири форсизабони озарӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Давраи кӯдакӣ ва ҷавонияш дар Шервон ва Боку гузаштааст. Сипас ба Табрез рафта, таҳсилоташро дар он ҷо ба поён расонид, адабиёти форсиро низ омӯхт. Шефтаи шеъри Ҳофиз шуд. Пас аз бозгашт ба Озарбойҷон, дар Ланкарон маҳфили адабие бо номи «фавҷулфусаҳо» ташкил намуд. Дар ин маҳфил шоирон ба осори бузургони шеъри форсӣ назира менавиштанд ва ашъори мутақаддимонро тазмин ё истиқбол мекарданд. Қосири Шервонӣ бо забони форсӣ ошноии комил дошт ва дар ашъораш аз шеваи шоирону нависандагони эронӣ пайравӣ кардааст. Муҳити фарҳангии Озарбойҷон дар қарни XIX, дар осори Қосири Шервонӣ инъикос шудааст. Ӯ аз андешаҳои равшану мутараққӣ бархурдор буда, бо шоирони Шамохӣ, Боку, Ардабил, Дарбанд ва Шушо дӯстии наздик доштааст. Ҳикоятҳои манзуми ӯ мутаассир аз ҳикоятҳои «Калила ва Димна», «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдӣ мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қосири Шервонӣ / О. Шакурзода // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.