Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Режаи Неруҳои мусаллаҳ ба муносибати 25-умин солгарди худсолории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — неруҳои мусаллаҳи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд ки барои посдории худсолорӣ ва нигаҳбонии якпорчагии кишвар аз дастдарозии душманон созмон ёфтаанд.

Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 таъсис ёфтаанд. Бино бар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", 23 феврал ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад[1].

Хешкорӣ[вироиш]

Хешкории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз:

  • пас задани ҳамлаи душман ва шикаст додани таҷовузкор;
  • нигаҳбонии ҳарими ҳавоии кишвар;
  • посбонии мусаллаҳонаи марзи давлати;
  • созмондиҳӣ ва барномарезии умури дифоъӣ дар кишвар; (Қонуни №141 аз 28.12.05 с.)
  • ҳамкорӣ бо неруҳои мусаллаҳи кишварҳои ҳампаймон дар пас задани таҷовузи мусаллаҳона ба яке аз онҳо ё анҷоми вазифаҳои сулҳоварона, ки аз уҳдадориҳои байналмиллалии кишвар бармеоянд. (Қонуни №141 аз 28.12.05 с.)

Ягонҳои Неруҳои мусаллаҳ[вироиш]

Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1993-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.

То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд. Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар заминаи Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.[2] Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо аст.[3]

Неруҳои заминӣ[вироиш]

Қӯшунҳои хушкигард соли 1993 ташкил шуда аз сершумортарин навъи Қувваҳои мусаллаҳ аст. Қӯшунҳои хушкигард 70 дар сади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ҳайати Қӯшунҳои хушкигард асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, танкӣ ва артиллерия фаъолият мекунанд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста сайқал медиҳанд.

  • Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Бобоҷон Саидзода аст.

Неруҳо ва падофанди ҳавоӣ[вироиш]

Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ҷумҳурӣ аз нахустин навъи Қувваҳои мусаллаҳ ба шумор рафта, он ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ бошад, нисбат ба Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ҷавон буда, он соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона, соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои Мусаллаҳ муттаҳид гардонида шуданд. Ҳайати шахсӣ ва ҳавопаймою чархболҳои ҷангии ҚҲҲ аз рӯзҳои аввали фаъолияти Артиши миллии ҷумҳурӣ дар ҳифзи сохти Конститутсионии Тоҷикистони навбунёд аз худ саҳми арзандае гузоштаанд.

  • Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Раҳмоналӣ Сафарализода аст.

Неруҳои зудвокуниш[вироиш]

Дар замони муосир қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдиди хатар мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии бунёди Қӯшунҳои зудамал ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди ин гуна нерӯҳо ва дар маҷмӯъ зудамал ва қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа бо Фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 бунёд ёфтааст. Бунёди ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъиноти махсус, Полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд. Айни ҳол ҷузъу томҳои Бригадаи десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва се баталёни он ба нерӯҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.

  • Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Миралӣ Раҳматзода аст.

Фармондеҳон[вироиш]

  • Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо (аз 20 ноябри соли 2013) (Пештар — генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев (2006 - 2013)
  • Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ - муовини якуми вазири мудофиа, генерал-майор Эмомалӣ Собирзода
  • Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Абдулҳошим Ғуломзода
  • Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Асрор Латифзода
  • Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ полковник Солеҳ Ҳусайнзода
  • Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ - сардори Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, генерал-майор Сӯҳроб Маҳмадзода

Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа[вироиш]

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо афсарони касбӣ зарурат пеш омад. Аз ин лиҳоз бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1992 ва бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1992 дар пойгоҳи Техникуми геологӣ Коллеҷи Олии ҳарбии фармондеҳӣ-муҳандисӣ ташкил карда шуд. Гурӯҳи аввалини донишҷӯёни шомилшуда ба Коллеҷи мазкур бори нахуст 23 феврали соли 1993 дар рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди ҳарбӣ ёд намуда, дар гузаронидани намоиши ботантанаи ҳарбӣ фаъолона иштирок намуданд. Таъсисиси Коллеҷи Олии ҳарбии фармондеҳӣ – муҳандисӣ ба даврае рост омад, ки дар кишвар муноқишаҳои дохилӣ, яъне ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Бо гузашти вақт теъдоди муҳасилини Коллеҷ афзуда хоҳишмандони таҳсилкунанда дар ин муассисаи таълимӣ зиёд гардид. Ҳамзамон доираи фаъолияти колеҷ низ васеъ шуда, бо биноҳои нави таълимӣ таъмин карда шуд. Бо назардошти ин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2002 Коллеҷи Олии ҳарбии фармондеҳӣ – муҳандисӣ ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа табдил дода шуд.

Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ягона муассисаи олии ҳарбӣ мебошад, ки барои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат афсарони касбиро омода менамояд. Таҳсил дар ин муассисаи олии ҳарбӣ ройгон ба роҳ монда шуда, чор сол давом мекунад. Хатмкардагони Донишкадаи ҳарбӣ имрӯзҳо дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии кишвар адои вазифа намуда, саҳми хешро дар ҳифзи марзу бум ва суботи сиёсии мамлакат гузошта истодаанд. Ҳоло Донишкадаи ҳарбӣ дорои биноҳои махсуси таълимӣ, хобгоҳ, майдони варзишӣ, дармонгоҳи тиббӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, осорхонаи «Шарафи Ҷангӣ», парки автомобилӣ, ҷойи тирпарронӣ, китобхонаи электронӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва лингафонӣ, майдончаи тактикӣ, оркестри мусиқачиёни ҳарбӣ, маркази таълимии «Лоҳур», ошхонаи замонавӣ буда, ҳамаи онҳо мавриди истифодаи афсарон, прапоршикҳо, курсантҳо ва сарбозон қарор доранд.[4]

Расонаҳо дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ[вироиш]

Дар гузориши радиои "Озодӣ" (19 январи 2016) чунин маълумот оварда шудааст:"Тоҷикистон бо беш аз 8 миллион аҳолиаш, беш аз 3 миллион фарди қобили хизмат дорад, буҷаи дифоиаш 75 миллион доллар ва қарзи берунааш – беш аз 2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин кишвар 37 танк, 46 зиреҳпӯш, 10 тӯпхона ва 3 шабакаи мушакандоз дорад. Шумори умумии ҳавопаймоҳояш 25 адад, аз миёни онҳо 15 ҳавопаймои боркаш ва 4 ҳавопаймои таълимӣ, чархболҳо, аз ҷумла чархболҳои ҷангиаш 26 адад аст."[5]


Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қонунҳо ва Қарорҳо
  2. Навъи ҚМ ҶТ
  3. Вазири мудофиаи ҶТ
  4. =Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа
  5. Артиши Тоҷикистон: 200 марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор?