Қудратуллоҳ Яҳёев
Қудратуллоҳ Яҳёев | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 1 декабр 1946 (77 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Сабк | мусиқии килоссик[d] ва Мусиқии симфонӣ |
Ҷоизаҳо | (2000), (2005), Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1991), Аълочии маориф ва фарҳанги Тоҷикистон (1996), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2004) Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2022). |
Қудратуллоҳ Яҳёев — оҳангсоз (композитор)-и тоҷик, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1972), дорандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии ҷавонон (1987), Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1991), Аълочии маориф ва фарҳанги Тоҷикистон (1996), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (2004), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.(2022).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Қудратуллоҳ Яҳёев 1 декабри соли 1946 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ҳанӯз дар синни 14-солагӣ нахустин иҷроиши асари ӯ дар озмуни шаҳрии ҳунармандони ҷавон баргузор гардид, ки он аз завқи бузурги Қудратуллоҳ ба мусиқӣ шаҳодат медод. Сониян Яҳёев ба Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ба синфи М. Цветаев ва Г. Александров дохил мешавад. Баъди хатми он ӯ ба шаҳри Москва ба Институти давлатии мусиқӣ-педагогии ба номи Гнесинҳо (ҳоло – Академияи мусиқии ба номи Гнесинҳо) бо муваффақият имтиҳонҳоро супорида, дар ин таълимгоҳи олии мусиқӣ дар синфи композитори маъруф А.И. Хачатурян таҳсилашро давом медиҳад. Ба ҳайси кори дипломӣ композитори ҷавон асари сеқисмаи Консерт барои скрипка ва оркестри симфонӣ офарида онро ба устоди худ мебахшад. Ин асар ба баҳои баланд муваффақ гашт. Паҳлуи дигари фаъолияти композитор омӯзгорӣ мебошад. Солҳои гуногун ӯ дар Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор карда, соли 1994 – дотсент ва соли 2006 – ба унвони профессор сазовор гардидааст. Солҳои гуногун Қ. Яҳёев дар вазифаҳои сармуҳаррири сарредаксияи мусиқии радио, роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев ва аз соли 1996 ҳамчун сармутахассиси раёсати санъати вазорати фарҳанг кор мекунад. Аз соли 2007 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолият менамояд.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1972 Қудратуллоҳ Яҳёев ба аъзогии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон қабул мешавад. Ин солҳо ӯ сюитаҳои чаҳорқисмаи «Тоҷикистони ман», «Зарбҳои кӯҳҳо» бо қисмҳои «Субҳи кӯҳистон», «Рақси чӯпон», «Хикояи мӯйсафед» ва «Ид», достони симфонии «Суруди ҳофиз»-ро бахшида ба Ҳофизи халқии Тоҷикистон Шариф Ҷӯраев ва «Идона»-ро барои оркестри симфонӣ менависад. Соли 1977 дар ноҳияи Данғара комсомол Талбак Лолаев гандумро аз алангаи оташ ҳифз намуда қаҳрамонона ҳалок гардид. Ин ҳодиса тамоми мардуми мамлакатро ба изтироб овард. Композитор Қ. Яҳёев зери чунин таассурот дар асоси балладаи шоир Ҳабибулло Файзулло «Садди оташ» симфонияи якқисмаи «Хотираи Талбак Лолаев»-ро эҷод карда, онро ба ин ҷавонмарги ҷасур бахшида аст. Соли 1981 барои ин асараш Қ. Яҳёев бо медали умумииттифоқии ба номи А. Александров мукофотонида мешавад. Достони симфонии «Ёддоштҳо» ба 100-солагии Садриддин Айнӣ бахшида мешавад. Ин асар низ яке аз муваффақияти композитор дар жанри симфонӣ маҳсуб мешавад. Дар он ба ҳайси оҳанги асосӣ оҳанги «Гардуни Рост» аз мақоми Рост (Шашмақом) истифода бурда шудааст. Асарҳои созӣ-камеравии Қ. Яҳёев аз Сюитаи фортепиано барои 4 даст, Квартети тории полифонӣ, Квартети омехта бо истифодаи ҳайати ғайриоддӣ, Дуэти полифонӣ, Элегия барои флейта ва фортепиано, «Хаёлот» ва «Обшорон» барои фортепиано ва асарҳои дигар иборат аст. Яке аз асарҳои бештар муваффақ гаштаи Қ. Яҳёев дар жанри созӣ-камеравӣ Сонатаи сеқисма барои валторна ва фортепиано маҳсуб мешавад. Дар эҷодиёти композитор жанри суруд низ мавқеъи хосса пайдо кардааст. Дар ин жанр ӯ бо ансамбли эстрадии «Гулшан», оркестри созҳои миллӣ, оркестри симфонӣ, ҳамсароён ва дигар сарояндагони муосири тоҷик ҳамкорӣ менамояд. Сурудҳои «Ватан» (шеъри Ф. Ансорӣ), «Суруди деҳқон», «Дунёи модар» ва «Чиҳил кокул» (шеъри Лоиқ), «Модарам» ва «Оқил бишав» (шеъри Гулрухсор), «Тоҷикистон» (шеъри Б. Раҳимзода), «Душанбе» (шеъри А. Бохтарӣ), «Суруди Рӯдакӣ» (шеъри А. Рӯдакӣ), «Шукрона» (шеъри Ҳ. Қурбонова) ва ғ. дар байни халқ хеле маъмул гаштаанд. Композитор Қ. Яҳёев бо театрҳои драмавӣ ва мусиқии Хуҷанд, Хоруғ, Конибодом, Курғонтеппа, Кӯлоб, театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ҳамкорӣ мекунад. У дар кинои тоҷик низ таҷрибаи бой дорад. Ба филмҳои «Камони тилоӣ» ва «Сурудҳои Вахш» мусиқӣ навиштааст. Қ. Яҳёев барои бачагон мусиқии зиёде офаридааст. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои бачагонаи «Кабӯтарак» (1994), «Обаки ширин» (2003), «Булбулакон сароед» (2003) мураттиби китобҳои сурудҳои бачагонаи композиторони тоҷик «Кишвари азизам, Тоҷикистон» ва сурудҳои оҳангсозони Тоҷикистон таҳти унвони «Таронаи Ваҳдат» мебошад.
Осори мунтахаб
[вироиш | вироиши манбаъ]Асарҳои симфонӣ:
- 1972 – Консерт барои скрипка ва оркестри симфонӣ дар 3 қисм. Дастнавис.
- Дастнавис.
- 1972 – «Тоҷикистони ман», сюитаи чаҳорқисма барои оркестри симфонӣ.
- симфонӣ.
- 1974 – «Зарбҳои кӯҳҳо», сюитаи чаҳорқисма барои оркестри симфонӣ.
- симфонӣ.
- 1977 – Достони симфонӣ бахшида ба Талбак Лолаев. Дастнавис.
- 1979 – «Суруди ҳофиз», достони симфонӣ бахшида ба Ш. Ҷӯраев.
- 1981 – «Идона», сюитаи симфонӣ. Дастнавис.
- 1987 – «Ёддоштҳо», достони симфонӣ.
- 2011 – Увертюраи «Тантанаи Наврӯз» барои оркестри симфонӣ.
Асарҳои камеравӣ:
- 1970 – Сонатина барои виолончел ва фортепиано.
- 1971 – Силсилаи рақсҳо барои созҳои яккаи гуногун бо форте
- пиано.
- 1973 – Соната барои валторна ва фортепиано дар 3 қисм.
- 1974 – Дуэти полифонӣ барои алт ва кларнет. Дастнавис.
- 1975 – Квартети торӣ дар 4 қисм. Дастнавис.
- 1977 – Квартети омехта барои рубоб, кларнет, фортепиано ва с
- созҳои зарбӣ.
- 1984 – «Меҳри дил» барои флейта ва фортепиано.
- 1990 – «Хаёлот» ва «Обшорон» барои фортепиано.
Сурудҳо:
- «Ватан», шеъри М. Турсунзода.
- «Баҳори бахт», шеъри А. Сидқӣ.
- «Шукрона», шеъри Х. Қурбонова.
- «Закоти чашм», ғазали Х. Деҳлавӣ.
- «Занҳои Тоҷикистон», шеъри М. Фарҳат.
- «Хайёмнома» бар рубоиёти Хайём.
- «Чил кокул», шеъри Лоиқ.
- «Гулбоғи Душанбе», шеъри С. Маъмур.
- «Суруди Ваҳдат», шеъри А. Хуросонӣ.
- «Хоби парешон», шеъри Абдураҳмони Ҷомӣ.
- «Эй Ватан!», шеъри Н. Қосим.
Сурудҳо ва сюитаҳои вокалӣ-хореографии бачагона:
- «Гулпаракҳо омаданд», шеъри С. Айюбӣ.
- «Булбулакон сароед», шеъри С. Айюбӣ.
- «Машъали ҷовидон», шеъри М. Қосим.
- «Идат муборак», шеъри М. Бақозода.
- «Кишвари тоҷикон», шеъри Ч. Ҳошим.
- «Тоҷикам ман», шеъри Х. Ҷумъазода
- «Офтоби ман», шеъри Г. Аҳмадзода
- «Обаки ширин», шеъри Ч. Ҳошим
Мусиқӣ барои кино:
- «Камони тилоӣ» – филми ҳунарӣ.
- «Суруди Вахш» – филми ҳуҷҷатӣ.
Мусиқӣ барои театр:
- «Ҷони ширин», театри ба номи К. Хуҷандӣ.
- «Тоҳир ва Зӯҳро», театри ба номи М. Назаров.
- «Шерон майдони муҳорибаро тарк мекунанд», театри ба номи К. Хуҷандӣ.
- «Дилшод», театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов.
- «Ханда-ханда-ханда», театри ба номи К. Хуҷандӣ.
- «Суруди хашм», театри ба номи Ато Муҳаммадҷонов.
- «Арӯс аз шаҳр», театри ба номи К. Хуҷандӣ.
- «Ғуруби Аҷам», театри ба номи А. Лоҳутӣ.
- «Бой ва камбағал», театри ба номи К. Хуҷандӣ.
- «Дили шоир», театри ба номи К. Хуҷандӣ.
- «Зебунисо», театри ба номи А. Лоҳутӣ.
- ва ғайра.[1]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ордени «Шараф» (2000),
- Ордени «Дӯстӣ» (2005),
- Ҷоизаи ҷумҳуриявии ҷавонон (1987),
- Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1991),
- Аълочии маорифи Тоҷикистон (1996),
- Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (1996),
- Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (2004)
- Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2022)
Дар бораи Қ. Яҳёев
[вироиш | вироиши манбаъ]- Пайроҳа - Қудратулло Яҳёев(тоҷ.). www.youtube.com. @TV_Safina (2020). 22 ноябри 2023 санҷида шуд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011. - C. 279-282.
- Зодагони 1 декабр
- Зодагони соли 1946
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Дорандагони ордени Шараф
- Дорандагони ордени Дӯстӣ
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Оҳангсозони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон
- Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
- Омӯзгорони Консерватрияи миллии Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ