Қулии Дарвозӣ
Қулии Дарвозӣ |
|---|
Қулии Дарвозӣ (форсӣ: قلئ دروازی), Субҳонқулӣ фарзанди Шоҳдарвоз фарзанди Сайидшоҳ (? — 1920/30, Дарвози Бадахшони Афғонистон) — шоири тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муддате дар рӯзгори бародараш — Муҳаммадсироҷхон, шоҳи Дарвоз, фармонравои маҳаллии Вахё буд. Мувофиқи маълумоти мураттиби баёзи шоирони Дарвоз Юлдошбии Доии Бухороӣ (қарни XIX), Қулии Дарвозӣ дар деҳаи Шикайи Дарвоз низ ҳоким буд ва ба шеъру шоирӣ шуғл меварзид. Пас аз чанде ҳамроҳи бародари худ ба дидори амири Бухоро — Музаффар рафт. Пас аз чанд рӯз, амир Музаффар ду бародарро асир гирифт ва барои тасарруфи Дарвоз сипоҳ фиристод. Қулии Дарвозӣ номае ба Абдулаҳад — писар ва валиаҳди амир Музаффар, ки худ шоиру адиб буд ва ба шоирон иродат меварзид, фиристод ва шарҳи воқеаро ба ӯ бозгуфт. Абдулаҳад аз падараш раҳоии Қулии Дарвозиро хостор шуд ва ӯро аз асорат озод кард. Аз Қулии Дарвозӣ девон боқӣ намондааст, аммо ашъоре дар қолабҳои ғазал, мухаммас, рубоӣ, мусаммат, мусаддас ва мусамман ба ёдгор мондаанд, ки ҳовии маҳорати баланди ӯ дар шеър мебошанд. Ҳамд, наъту панд аз дарунмояи ашъори ӯст. Бахше аз як мусаммат дар наъти Паёмбар Муҳаммад (с) аз ӯ монда, ки дар он тахаллусашро «Қулӣ» овардааст. Қулии Дарвозӣ бар иловаи ашъор, рисолае бо номи «Панднома» дорад. Шоир ба хулқу атвори ҳокимони замон, ки худ аз он табақа буд, бо назари танқид нигаристааст:
Ҳастем ҳама золиму ситамгар,
Одамвашу дар ҳақиқат аждар,
Эй вой ба ҳоли мо, ки ҳар рӯз
Сад ҷавр кунему зулми ҷонсӯз.
Ҳар лаҳза кунем ҳазор бедод,
Мардум ҳама ҷавргӯ ба фарёд...
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қулии Дарвозӣ // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.