Jump to content

Қуллаи Энгелс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қуллаи Энгелс
?
Нуқтаи баландтарин
Баландии мутлақ6 510 м ва 6 507 м[1]
Баландии нисбӣ900 м
Макон
Парвандаҳо дар Викианбор

Қуллаи Энгелсқуллаи кӯҳӣ дар қаторкӯҳҳои Шоҳдара дар ҷанубу ғарби Помири Тоҷикистон аст.

Қуллаи Энгелс асосан аз гнейсҳо ва варақсангҳои кристаллӣ иборат аст. Баландии қулла ба 6510 метр мерасад. Дар майдони қулла, дар нишебиҳои шимолӣ ва ҷанубии қаторкӯҳҳои Шоҳдара пиряхҳо мавҷуданд. Дар пояи шимолии қулла пиряхи Наспар, дар пояи ҷануб пиряхи Киштиҷароб ҷойгир аст. Ин баландӣ бори аввал соли 1954 фатҳ шудааст[2].

Номи аслии қулла — Қуллаи малика Мария буд. Онро дар охири асри 19 яке аз аввалин муҳаққиқони рус дар қисми ҷанубии Помир ба шарафи зани император Александри III Мария Феодоровна ном гузоштааст. Дар замони шӯравӣ ин қулла ба шарафи коммунист Фридрих Энгелс ном гирифт.

  • Энгельса пик // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.
  •