Қунут
Зоҳир
Дуои Қунут (ар. قُنُوت — тақво) — дуои кӯтоҳ. Дар мазҳаби ҳанафӣ дуои Қунут дар ракъати 3-юми витр пеш аз рукӯъ хонда мешавад. Дар дигар мазҳабҳои суннатӣ (ҳанбалӣ, шофеӣ ва моликӣ) дар ракъати 2-юми бомдод пас аз рукӯъ кардан дуои Қунут хонда мешавад [1]. Ибодиён умуман дуои қунут намехонанд [2].
Матн
[вироиш | вироиши манбаъ]- Матни арабӣ:
- اَللَّهُمَّ إِنَّا نَسْتَعِينُكَ وَ نَسْتَغْفِرُكَ وَ نَسْتَهْدِيكَ وَ نُؤْمِنُ بِكَ وَ نَتُوبُ اِلَيْكَ وَ نَتَوَكَّلُ عَلَيْكَ وَ نُثْنِى عَلَيْكَ اْلخَيْرَ كُلَّهُ نَشْكُرُكَ وَ لاَ نَكْفُرُكَ وَ نَخْلَعُ وَ نَتْرُكُ مَنْ يَفْجُرُكَ
- اَللَّهُمَّ اِيَّاكَ نَعْبُدُ وَلَكَ نُصَلِّى وَنَسْجُدُ وَاِلَيْكَ نَسْعَى وَنَحْفِدُ نَرْجُو رَحْمَتَكَ وَنَخْشَى عَذَابَكَ اِنَّ عَذَابَكَ بِالْكُفَّارِ مُلْحِقٌ
- Транскрипт:
- Аллоҳумма инно настаъинука ва настағфирука ва нуъмину бика ва натаваккалу ъалайка ва нусни ъалайкал хайр. Нашкурука ва ло накфурук ва нахлаъу ва натруку май яфҷурук.
- Аллоҳумма ийёка наъбуду ва лака нусалли ва насҷуду ва илайка насъо ва наҳфиду нарҷу раҳматака ва нахшо ъазобака инна ъазобака бил куффори мулҳиқ.
- Тарҷума:
- Худоё! Аз Ту ёрӣ мехоҳем, аз Ту мехоҳем, ки моро ба роҳи рост ҳидоят кун ва аз Ту омурзиш мехоҳем ва тавба мекунем. Мо ба Ту боварй дорем ва ба Ту таваккал мекунем. Бар ҳама неъматҳо Туро ситоиш мекунем, Туро шукр мегӯем ва ба Ту кофир нестем ва аз нофармонии Ту дурӣ мекашем ва дур мемонем.
- Худоё, мо Туро мепарастем, намозамонро барои Ту ихлос мекунем ва дар баробари Ту саҷда мекунем, ба сӯи Ту мешитобем ва ба раҳмати Ту таваккал мекунем ва шитоб мекунем ва аз азоби Ту метарсем, зеро азоби Ту ҳатман ба кофирон хоҳад расид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Али-заде, 2007, Кунут.
- ↑ Valerie J. Hoffman. The essentials of Ibadi Islam. — Syracuse, N.Y: Syracuse University Press, 2012. — (Modern intellectual and political history of the Middle East). — ISBN 978-0-8156-3288-7.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ализаде А. А. Кунут // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007. — ISBN 978-5-98443-025-8. (CC BY-SA 3.0)