Қурбонбой Фозилович Бобоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Қурбонбой Фозилович Бобоев
Георгий Юнусович Бобоев
Санаи таваллуд:

10 март 1965(1965-03-10) (55 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Ғончӣ, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Фазои илмӣ:

фалсафа

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои физика ва математика

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко

} Қурбонбой Фозилович Бобоев (тав. 10.03.1965, деҳаи Далёни Поёни ноҳияи Ғончӣ), файласуф ва сиёсатшиноси тоҷик, номзади илмҳои фалсафа (1997), дотсент (1998).

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1988 факултети филологияи тоҷикиДонишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1988–1991 ассистенти кафедраи фалсафа ва солҳои 1992–1992 аспиранти донишгоҳи омӯзгорӣ буд. Солҳои 1995–1997 вазифаи ассистент, 1997–1998 муллими калон, 1998– 2007 дотсент, 2008–2009 мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣро ба ӯҳда дошт. Муаллифи зиёда аз 20 асару мақолаҳои илмӣ мебошад. Дар таълифотҳояш андешаҳои сиёсии Низомулмулк ва масъалаҳои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро дар Тоҷикистон баррасӣ кардааст.

Осор[вироиш]

  • Назарияи сиёсии Низомулмулк, Д., 1999;
  • Масъалаҳои рӯзмарраи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, Д., 2009.

Пайвандҳои беруна[вироиш]