Қурбон Саидзода
Қурбон Тағай Саидзода | |
Таърихи таваллуд | 26 феврал 1969 |
Зодгоҳ |
Қурбон Тағай Саидзода — муовини Раиси шаҳри Душанбе (аз 12 январи соли 2017)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Қурбон Тағай Саидзода 26 феврали соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1994 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси иқтисодиёт ва идораи нақлиёт хатм намудааст. Солҳои 1987 – 1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст. Соли 1994 дар Корпоратсияи илмӣ-истеҳсолӣ-тиҷоратии "Хатлон" ҳамчун мутахассиси пешбар фаъолияти худро оғоз намуда, баъдан дар вазифаи ноиби президенти Корпоратсия кор кардааст. Солҳои 2001-2014 дар вазифаҳои нозир, ёвари Сарнозир, муовини Сарнозири Инспексияи нақлиётӣ, сардори Департаменти нақлиёти рӯизаминӣ, Сардори Раёсати назорати бехатарӣ дар нақлиёт, сардори шуъбаи бехатарӣ дар нақлиёти сарраёсати нақлиёти рӯизаминӣ ва Муовини сардори Сарраёсати нақлиёти рӯизаминии Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2014-2015 дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Нақлиёт” ҳамчун ходими калони илмӣ фаъолият намудааст. Аз моҳи декабри соли 2015 то 12 январи соли 2017 ба ҳайси Сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. 12 январи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.[1]