Қурбон Холов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Қурбон Холов
Таърихи даргузашт марг: 21 май 2017(2017-05-21)

Қурбон Холов — раққоси балет Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1974).[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Қурбон Холов 2 марти соли 1941 дар Шаҳринав ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Завҷааш Татяна Холова — балеринаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд.

Ӯ соли 1961 омӯзишгоҳи хореографии Ленинградро (педагогҳои балет: В. И. Шелков, Б. В. Соловёв, И. М. Трофимова, Н. П. Румянцев, Б. В. Шавров) бо рақосаи машҳури санъати балети тоҷик Малика Собирова хатм кардааст. Ҳарду дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргашта ҳунарнамоӣ мекарданд.

Қаҳрамонҳои ӯ : Зигфрид, Альберт, Феб, Солор, Кармело, Қайс-Маҷнун («Лайли ва Маҷнун»-и С. Баласанян), Тибальд; Чингисхон («Тимур Малик» Ашрафӣ), Кодир («Писари Ватан»-и Тер-Осипов). Қурбон Холов 23 майи соли 2017 оламро тарк намудааст.[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Cомонаи театр
  2. https://news.tj/ru/news/life/person/20170523/pozabitii-vsemi-skonchalsya-zasluzhennii-artist-tadzhikistana-kurbon-holov Бойгонӣ шудааст 23 май 2017  сол. Позабытый всеми: скончался Заслуженный артист Таджикистана Курбон Холов