Қурбон Ҳомидов
| Қурбон Ҳомидов | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 1946[1] |
| Зодгоҳ | Ноҳияи Шӯробод, вилояти Кӯлоб (ҳоло Вилояти Хатлон), |
| Таърихи марг | 1994[2] |
| Касб | Ҳунарпешаи театр ва синамо, тарҷумон, драматург |
| Таҳсилот | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (филолог), ГИТИС |
| Унвон | Арбоби шоистаи Тоҷикистон Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон |
| Театр | Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов |
| Намоишномаҳои машҳур | «Васса Железнова», «Табиби зӯракӣ», «Пайроҳаи зиндагӣ» |
Қурбон Ҳомидов (1946 – 1994) — ҳунарпешаи театр ва синамо, тарҷумон ва драматурги тоҷик. Арбоби шоистаи Тоҷикистон.[3]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Қурбон Ҳомидов соли 1946 дар ноҳияи Шӯрободи вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ихтисоси филолог-омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик) ва Институти давлатии санъати театрии Маскав (ГИТИС) мебошад.[4]
Фаъолияти ҳунарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қурбон Ҳомидов аз ҷумлаи аввалин хатмкунандагони студияи тоҷикии ГИТИС мебошад, ки дар соли 1971 Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов-ро таъсис доданд. Ӯ дар намоиши дебютии театр — «Васса Железнова»-и Максим Горкий нақш офарида, ба симои В.И. Ленин таҷассум бахшидааст.[5] Ҳамкорони ӯ, аз ҷумла Гулсара Абдуллоева, Қурбон Ҳомидовро ҳамчун "ҳунарманди нотакрор" ва "боистеъдод" ситоиш кардаанд."[6] Ҳунарпеша Шодӣ Солеҳ низ ӯро ҳамчун "ҳунарманди, бомаҳорат ва боистеъдод" ёд карда, сабки ӯро ба сабки Аброр Ҳидоятов-и ҳунарпешаи шинохтаи Ӯзбекистон шабоҳат додааст.[7] Қурбон Ҳомидов ҳамчунин дар намоишномаи «Парӣ-пурзаҳмат» нақши Матрос Куприяновро иҷро кардааст.[8] Ӯ дар филмҳои телевизионӣ ва синамо, аз ҷумла дар филми "Ашк ва шамшер" нақши сардори зиндонбонро бозидааст.[9]
Фаъолияти ғайриҳунарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғайр аз фаъолияти ҳунарӣ, Қурбон Ҳомидов дар соҳаи маориф низ кор кардааст. Аз соли 1967 то 1971 дар нашриёти «Ирфон», кор карда аз соли 1970 то 1980 муаллим ва муовини директори мактаби миёнаи №9-и ноҳияи Москва (ҳозира Ноҳияи Ҳамадонӣ) будааст. Аз соли 1980 то 1991 ба ҳайси мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Москва, аз соли 1991 то 1993 сармуҳаррири рӯзномаи «Зафар» кор кардааст.[10]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Арбоби шоистаи Тоҷикистон (соли 1994) Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (соли 1994)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://old.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20151001/salom-aleikum-ikiston-anons-yak-r-zi-tarikh-obu-avo-527
- ↑ https://old.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20151001/salom-aleikum-ikiston-anons-yak-r-zi-tarikh-obu-avo-527
- ↑ Раҷабгул Қосимова: «Дар саҳна ҷон медиҳам, агар…»(тоҷ.). pressa.tj.
- ↑ Молйери театри мо(тоҷ.). navisandagan.tj.
- ↑ Молйери театри мо(тоҷ.). navisandagan.tj.
- ↑ Аз барномаи "Қадамҷо", ТВ Сафина.
- ↑ Аз барномаи "Қадамҷо", ТВ Сафина.
- ↑ Молйери театри мо(тоҷ.). navisandagan.tj.
- ↑ Аз барномаи "Қадамҷо", ТВ Сафина.
- ↑ Курбонов Хомид(рус.). Centrasia.org.