Қуртуба

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шаҳр
Қуртуба
исп. Córdoba
Córdoba aerial 2.jpg
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар Испониё
Координатаҳо 37°53′00″ а. шим. 4°46′00″ т. ғ.HGЯO
Роҳбар José María Bellido[d]
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Қуртуба дар харитаи
Қуртуба
Қуртуба
Намуди купруки Рум, Масҷид ва Пуэрта дел Пуенте, Қуртуба.

Қуртуба (исп. Córdoba) — шаҳри қадимӣ дар минтақаи худмухтори Андалусияи подшоҳии Испониё, маркази музофоти ҳамном.

Ҷуғрофиё[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар нишебии кӯҳҳои Сйерра-Морена дар соҳили рости дарёи Гвадалквивир (ҷануби Испониё ) воқеъ аст. Масоҳаташ 1253 км2, ба 10 ноҳияи маъмурӣ тақсим аст. Аҳолиаш 322 ҳазор нафар (омори соли 2021, 3-юмин шаҳри пурҷамъияти минтақаи Андалусия). Забони давлатиаш испанӣ. Бо ҳарорати 37 о С (июл-август) гармтарин шаҳри Испониё ва тамоми қораи Аврупо ба шумор меравад. Шаҳри Қуртуба аз лиҳози доштани иншооти мероси фарҳангии ҷаҳонӣ дар олам мақоми аввалро соҳиб аст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Вобаста ба маънии “Қуртуба” фарзияҳои гуногун вуҷуд доранд. Тибқи фарзияи аввал, Қуртуба аз ду бахш “қарт” ва “Ҷуба” иборат буда, маъниаш “шаҳри Ҷуба” мебошад. Онро сипаҳсолори Карфагенӣ Ҳамалқар Барқо (асри 2 то м.) ба номи яке аз сарлашкарони худ – Ҷуба, ки дар яке аз муҳорибаҳо дар наздикии ин шаҳр ҳалок шуда буд, гузоштааст. Тибқи фарзияи дуввум, ки Хосе Антонио Конде соли 1799 пешниҳод кардааст, “Қуртуба” истилоҳи финиқӣ-пунӣ буда, маъниаш “шаҳри хуб” аст. Ба қавли дигар муҳаққиқон истилоҳи «Уба» дар забони испанӣ бисёр маъмул буда, маънии “теппа” ё «дарё»-ро дорад, иддае дигар бар инанд, ки «Оба» номи қадимии дарёи Гвадалквивир буда, маънии Қартуба «шаҳри Оба» аст.

Шаҳри Қуртуба аз замони забткориҳои финиқиён (ҳазорсолаи 2-1 то милод) маълум буд. Ба қавли Страбон ва Клавдий Птолемей Қуртуба маркази қабилаи турдетонҳо (ақвоми бумии ҳавзаи дарёи Гвадалквивир то забти он аз ҷониби румиҳо) буд. Солҳои 218–201 то м. аз ҷониби румиҳо забт шуда, минбаъд ба маркази яке аз музофотҳои императории Рум табдил ёфт. Таҳти тасарруфи Византия ва барбарҳо низ қарор гирифта буд. Соли 711 аз ҷониби мусулмонон фатҳ шуда, аз соли 756 ба маркази аморат ва аз соли 929 ба маркази хилофати Қуртуба табдил ёфт. Дар асри ба авҷи рушд расида, дуввумин шаҳри бузурги тамоми Аврупо ва яке аз марказҳои бузурги илмӣ ва фарҳангӣ дар ҷаҳон гардид. Донишмандони бузурге чун Ибни Рушд, Ибни Ҳазм, ал-Заҳравӣ ва даҳҳо тани дигар дар Қуртуба зиндагӣ ва эҷод кардаанд.

Бо суқути хилофати Қуртуба (1031) муддате (то соли 1070) мустақил буд ва сипас аз ҷониби амири Севиля тобеъ карда шуд. Аз соли 1236 дар раванди Реконкиста аз ҷониби шоҳи Қастилия Фердинанди севум (1217–1252) тасарруф шуда, таърихи минбаъдии он бо Қастилия ва Испониё марбут шуд.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Асоси иқтисоди Қуртубаро истеҳсолоти кишоварзӣ, аз ҷумла шаробпазӣ, истеҳсоли равғани зайтун, орд, чарм ташкил дода, дар саноат заргарӣ, гудохтани филиззот (аз ҷумла мис) ва мошинсозӣ ҷойгоҳи муҳим доранд.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз лиҳози ҷуғрофиёӣ дар макони муносибе қарор дошта, тариқи роҳҳо манотиқи шимолро бо марказ ва ҷанубки кишвар мепайвандад. Дорои фурудгоҳи байналмилалӣ, ду донишгоҳ ва чандин китобхона ва осорхона мебошад.

Дар Қуртуба чандин иншооти меъморӣ-таърихии нодиру муҳташам боқӣ мондаанд. Маъруфтарини онҳо Пули румӣ (асри 1), Қасри шоҳони масеҳӣ (Алкасар, асри 13), Масҷиди бузурги Қуртуба (маъруф ба Мазкито, ки ҳоло калисои католикист), Синагогаи Қ. (ибтидои асри 14) ва ғайра мебошанд, ки сайёҳони зиёд ба дидани онҳо мераванд.

Астероиди Кордуба (365), ки соли 1893 кашф шуд, ба хотири Қуртуба чунин номгузорӣ шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]