Ҳабиба Каримова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ҳабиба Каримова
Таърихи таваллуд 5 сентябр 1923(1923-09-05)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 8 октябр 2015(2015-10-08) (92 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша муаллима
Фарзанд Марҳабо Ҷабборӣ
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин

Ҳабиба Каримова (5 сентябр 1923, деҳаи Пулодони ноҳияи Конибодом — 8 октябри 2015, Конибодом) — омӯзгор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1978), Муаллимаи хизматнишондодаи Тоҷикистон (1960), модари Марҳабо Ҷабборӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳабиба Каримова 5 сентябри соли 1923 дар Конибодом юа дунё омадааст. Фаъолияти кории ӯ аз соли 1937 дар омӯзишгоҳи педагогии Конибодом оғоз гардида, то соли 1942 ба ҳайси муаллимаи синфҳои ибтидоӣ дар мактаби миёнаи ба номи В.Чапаев кор кардааст. Соли 1942 Ҳабиба Каримова ба унвони «Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.

Аз соли 1942 то соли 1949 мудири қисми илмӣ, сипас аз соли 1949 то соли 1985 вазифаи директори мактаби ба номи Чапаеви шаҳри Конибодомро ба уҳда дошт. Соли 1959 Донишкадаи педагогии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Давоми солҳои гуногун вакили Анҷумани умумиитифоқии омӯзгорони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Анҷумани омӯзгорони Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ордену ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ду ордени Ленин, чордаҳ медал, 5 Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон ва нишони Аълочии Маорифи халки Тоҷикистон (1942), қадрдонӣ шуда аст.

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳабиба Каримова 8 октябри соли 2015 пас аз бемории начандон тӯлонӣ дар синни 93-солагӣ дар шаҳри Конибодом аз олам даргузашт[1].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Даргузашти Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҳабиба Каримова. asiaplustj.info. Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus. 19 январи 2021 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Hero of Socialist Labor medal.png Ҳабиба Каримова. Сайти «Герои Страны».