Ҳабибулло Воҳидзода
Намуди зоҳирӣ
Ҳабибулло Воҳидзода | |
|---|---|
|
| |
| аз 23 январи 2025 | |
| Пешгузашта | Юсуф Раҳмон |
|
|
|
| Таваллуд |
21 феврали 1965 (61 сол) |
| Таҳсилот | |
Ҳабибулло Сайдулло Воҳидзода (зод. 21 феврали 1965, ноҳияи Фархор) — ҳуқуқшинос ва давлатмарди тоҷик, генерал-лейтенанти адлия (2024). Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2025)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳабибулло Воҳидзода 21 феврали соли 1965 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст[1]. Соли 1988 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба кор дар мақомоти додситонӣ оғоз намуд.
Оиладор, як фарзанд дорад.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1988 — коромӯз дар вазифаи прокурори шӯъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Қӯрғонтеппа
- 1988—1989 — коромӯз дар вазифаи муфаттиши прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа
- 1989 — коромӯз дар вазифаи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликул
- 1989—1993 — муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликул
- 1993—1994 — муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон
- 1994—1996 — сардори шӯъбаи назорати иҷроиши қонунҳо дар Вазорати амният ва Кумитаи гумруки прокуратураи вилояти Хатлон
- 1996—1998 — прокурори ноҳияи Фархор
- 1998—2002 — прокурори ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе
- 2002—2006 — прокурори шаҳри Душанбе
- 2007—2011 — сардори Раёсати кадрҳо ва коргузории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 2011—2015 — муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 2015—2020 — прокурори вилояти Суғд
- 2020—2024 — директори Агенти назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 2024—2025 — муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии ҶТ[2]
Аз 4 феврали 2025 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст[3].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- медали «Хидмати шоиста»
- медалии ҷашнии «30-солагии истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҳабибулло Воҳидзода, ки ҳамчун додситони кулли нави Тоҷикистон пешниҳод шуд, кист?(рус.). asiaplus.news. ASIA-Plus. 18 феврали 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 сентябри 2025.
- ↑ Таъиноти кадрӣ. ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (23 Январ 2025). 18 феврали 2025 санҷида шуд.
- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Воҳидзода Ҳ.С.. ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (4 феврали 2025). 18 феврали 2025 санҷида шуд.