Ҳабибулло Ибодов
Ҳабибулло Ибодов | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 1 октябр 1949 (76 сол) |
Ҳабибулло Ибодов (зод. 1 январи 1949, ноҳияи Балҷувон) — ҷарроҳи кӯдакон, доктори илмҳои тиб (2004), профессор (2008).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1978). Ҷарроҳи кӯдакон, мудири шуъбаи ҷарроҳӣ ва муовини сардухтур оид ба корҳои муолиҷавии Беморхонаи ноҳияи Восеъ (1978—1994), ассистенти кафедраи ҷарроҳии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (1994—2004), директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (2004—2015) буд. Феълан сармуҳаррири маҷаллаи «Нигоҳдории тандурустии Тоҷикистон», ҳамзамон профессори кафедраи ҷарроҳии кӯдакон, анестезиология ва реаниматологияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷарроҳии кӯдакон
Пажӯҳишҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дра бораи муолиҷаи эндобронхит ва бемо-риҳои музмини фасодноки шуш дар кӯдакон пажӯҳиш анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 150 асар ва 10 ихтироъ. Таҳти роҳбарии ӯ 7 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи доктори илмро дифоъ намудаанд. Дар бисёр конференсияву конгрессҳои илмӣ дар Миср (2005), Берлин (2006), Туркия (2009), Олмон (2011—2015), Маскав (2008—2013), Санкт-Петербург (2003) ва ғ. ширкат дошт. Узви Ассотсиатсияи ҷарроҳони кӯдакони Федератсияи Руссия, Ассотсиатсияи ҷарроҳони ба номи Н. И. Пирогови Федератсияи Руссия ва узви Ассотсиатсияи ҷарроҳони кӯдакон, анестезио-логҳо ва реаниматологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Унвону ҷоизҳои
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии тандурустии Тоҷикистон (1995);
- Аълочии маорифи Тоҷикистон (2013);
- медали «Хидмати шоиста» (2007).
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бемориҳои ҷарроҳӣ ва парастории беморон. Д., 2007;
- Сестринский диагноз и сестринская неотложная помощь. Д., 2007;
- Анатомияи одам. Д., 2009; Амалияи ҳамширагӣ дар ҷарроҳия. Д., 2011;
- Основы анестезиологии и реаниматологии. Д., 2011;
- Дастур оид ба ёрии паллиативӣ. Д., 2012.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибодов Ҳабибулло // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.