Jump to content

Ҳабибулло Холҷӯраев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳабибулло Холҷӯраев
Ҳабибулло Холҷӯраев
Таърихи таваллуд 5 декабр 1933(1933-12-05)
Зодгоҳ деҳаи Исфисор ноҳияи Ғафуров, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 14 июн 2021(2021-06-14) (87 сол)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Ғафуров
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров
Ҷоизаҳо Ордени Дӯстӣ (2017), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000), Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм (2002), , Аълочии мактабҳои олии ИҶШС (1984), Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1977.
 Парвандаҳо дар Викианбор
Академик Бобоҷон Ғафуров ва Ҳабибулло Холҷӯраев
Аъзоёни Маркази илмии назди Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Оилаи Холҷӯраевҳо
Мутолиаи китоби академик Бобоҷон Ғафуров (дар акс Ҳ. Холҷӯраев)

Ҳабибулло Холҷӯраев (05.12.1933 - 14.06.2021[1]. ) — олим, омӯзгор, доктори илмҳои таърих, Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1977), Аълочии мактабҳои олии ИҶШС (1984), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000, Дорандаи Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм (2002) Ҷоизаи Умумиттифоқии олимони ҷавони ИҶШС дар соҳаи илм (1970).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳабибулло Холҷӯраев 5 декабри соли 1933 дар деҳаи Исфисори ноҳияи Хуҷанд) таваллуд шудааст. Баъд аз хатми факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров ӯ дар вазифаҳои асстент, муаллими калон ва дотсент дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ҳабибулло Холҷӯраев яке аз муассисон ва Директори Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд.[2] Ӯ аз ҳисоби маблағи хеш осорхонаи шахсиашро дар ш. Ғафуров барпо намуда дар он намоишгоҳ-гӯшаҳои "Шахсиятҳои маъруфи кишвар", "Олимони барҷастаи кишвар", "Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол" ва ғ. бунёд кардааст, ки барои тарбияи ватандӯстонаи наврасону ҷавонони кишвар хидмат мерасониданд. Ҳабибулло Холҷӯраев 14 июни соли 2021 дар Ғафуров вилояти Суғд аз олам чашм пушидааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳабибулло Холҷӯраев рисолаи номзадӣ ва докториашро дар риштаи илми таърих, таҳти роҳбарии академики АИ ИҶШС Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Москва ба анҷом расонида, дифоъ намудааст. Кашфиётҳои илмии ӯ ҷанбаҳои гуногуни илмҳои таърихи Осиёи Миёна ва Тоҷикистон, таърихи ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуҷҷатнигориву шарҳиҳолшиносиро дар бар мегиранд. Бо ташаббуси ӯ дар Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва маркази илмии "Ғафуровшиносӣ" дар назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода шудааст. Ҳабибулло Холҷӯраев муаллифи зиёда аз 500 қомусу асар, монографияҳо ва маҷмӯаҳо, мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ (аз ҷумла беш аз 50 рисолаҳои илмӣ) мебошад. Сермаҳсултарин олими ҷумҳурӣ аст. Таҳти роҳбарии профессор Ҳабибулло Холҷӯраев зиёда аз 30 нафар аспирантон ва унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ кардаанд. Унвонҷӯён аз ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти роҳбарии ӯ рисолаи илмӣ менависанд.

  • * Компартия Таджикистана в борьбе за технический прогресс в промышленности (1959-1965 гг.). – Душанбе:Ирфон, 1967. - 315с.;
  • * Изобретательство и рационализация в СССР. – Душанбе, 1969. - 280с.;
  • * Диссертации историков по материалам Таджикистана. - Душанбе: 1970. - 283 с.;
  • * Академик Б.Г.Гафуров, Кн.1-я. - Худжанд: 1998. - 207 с.;
  • * Академик Б.Г.Гафуров, Кн. 2-я. - Худжанд: 1998.- 173 с.;
  • * Из истории Ленинабадской области. - Худжанд: 2000. - 168 с.
  • * САПОИ - ТСХИ - ТАУ 70 лет. Вып. 1. Худжанд: 2001. - 203.;
  • * Ҳафтод нахли пурсамар. - Хуҷанд, 2002. - 531 с.;
  • * Выдающийся археолог и знаток Средней Азии. - Худжанд: «Нури маърифат», 2003. - 374 с. (В соавторстве с О.Каримовым).;
  • * Ирригационная цивилизация. - Худжанд: 2003. - 507 с.;
  • * Человек-легенда. - Худжанд: «Нури маърифат», 2003. - 460 с.;
  • * Достойный наследник Авиценны. - Худжанд: Рахим Джалил, 2005. - 447 с.;
  • * История горнорудной и металлургической промышленности. - Худжанд: Рахим Джалил, 2006. - 376 с.;
  • * Цель жизни. - Худжанд: «Нури маърифат». - 2006. - 208 с.;
  • * Авроқи рангин. – Ғафуров, 2006. - 152 с.;
  • * Золотодобывающая промышленность Таджикистана (Из истории добычи золота в Таджикистане). – Худжанд: 2006. – 98 с. (Серия брошюр. Выпуск 1);
  • * Золотодобывающая промышленность Таджикистана (Куда девалось золото из эмирской казны?). – Худжанд: 2006. – 34 с. (Серия брошюр. Выпуск 2).
  • * Золото из уст и публикаций учёного. – Худжанд: 2006. – 30 с. (Серия брошюр. Выпуск 3);
  • * Добыча золота с древнейших времён. – Худжанд: 2006. – 44 с. (Серия брошюр. Выпуск 4).;
  • * Геология Таджикистана. – Худжанд: 2006. – 38 с. (Серия брошюр. Выпуск 5);
  • * Золото СП «Апрелевка». (Серия брошюр. Выпуск 6). – Худжанд: 2006. – 14 с.;
  • * Наши юбиляры. – Худжанд: 2006. – 97 с.;
  • * Таджикистан: ӯ терроризма нет нации, религии и Родины. – Худжанд: 2006. – 138 с.;
  • * Кризис КПСС и распад СССР. Переход к многопартийности. – Худжанд: 2006. – 114 с.;
  • * Эмомали Шарипович Рахмонов. - (Серия: жизнь и деятельность героев Таджикистана. Выпуск 1). – Худжанд: 2006. – 95 с.;
  • * Идеология и политика в исторических судьбах таджикского народа; - Худжанд, 2007. - 672 с.;
  • * Университет, носящий ном академика Б. Г. Гафуров (в цифрах и фотодокументах). – Худжанд, 2008. – 132 с.;
  • * Ҳамнафас бо давр. – Хуҷанд, 2009. - 612 с.;
  • * Академик Р. Б. Баратов – патриарх таджикской геологии (Историко-биографический и научный очерк) – Душанбе, 2009. – 612 с.;
  • * Академик Б. Г. Гафуров – государственный деятель, историк, политик, востоковед и дипломат. (Книга 2 – ая. Спецкурс. Методическое пособие). – Худжанд. 2010. – 160 с.;
  • * Академик Б. Г. Гафуров – государственный деятель, историк, политик, востоковед и дипломат. (Книга 1 – ая. Спецкурс. Методическое пособие). – Худжанд. 2010. – 152 с.;
  • * Из истории создания книги «Таджики» - Худжанд, 2010. – 268 с.;
  • * Гафуроведы и гафуроведение. – Душанбе: «Ирфон», 2010, - 276 с.;
  • * 45 – солагии Ҷамоати Ғозиён. - Хуҷанд, 2010. - 138с.;
  • * Академик Б. Г. Гафуров – государственный деятель, историк, политик, востоковед и дипломат. - Худжанд, 2010. - 162 с.;
  • * Синфдошлар. – Ғафуров, 2010. - 184 с.
  • * Золото: валютный металл, сырьё для ювелирных изделий, промышленности… - Худжанд, 2011. - 28 с.;
  • * Тилло: Корхонаи аввалин, Қудрати давлат, бойигарии миллат, манбаҳо… – Хуҷанд, 2011. – 76 с.
  • * Золотодобыча - один из древних промыслов на Припамирье - Худжанд, 2009. - 32 с.;
  • * О развитии золотопромышленности в Таджикистане. - Худжанд, 2010. - 64 с.
  • * История: золото в трудах русских исследователей, послов и купцов. По материалам Средней Азии в ХVI-ХIХ вв. - Худжанд, 2011. - 88 стр.;
  • * Политическая история таджикского народа с древнейших времён. Курс лекций. Книга I-III. – Худжанд, 2010. - 912 стр. (в 3 книгах);
  • * Гулчилар оиласи. – Хужанд, 2011. – 48 с.;
  • * Х.Холджураев, М. Сохибназаров, Б.Шарипова. Жизнь учёного в науке. – Худжанд, 2011. – 100 с.;
  • * Рахимберди Рӯзиев. Бизнинг шажара (булар менинг авлодим).(издано при поддержке профессора Х.Холджураева) – Ғафуров, 2011. – 78 с.;;
  • * Ҳ. Холҷӯраев, Б. А. Аҳмадзода. Энциклопедияи тиббӣ вилояти Суғд. Бо таҳрири профессор Д.Р. Сангинов. – Хуҷанд, 2011. – 1449 с.;
  • * Ҳ. Холҷӯраев, М. Соҳибназаров. Тилло: Корхонаи аввалин, Қудрати давлат, Боигарии миллат… - Хуҷанд, 2011. – 60 с.;
  • * М.Сохибназаров. Золото: валютный металл, сырьё для ювелирных изделий, промышлености… - Худжанд, 2011. – 28 с.;
  • * Исписор: макаддас замин, улуғлар даргоҳи. - Хужанд, 2011. – 224 с.;
  • * Х.Холжӯраев, Ш. Нуриддин. Исписор: муқаддас замин, улуғлар даргоҳи – Хужанд, 2011.- 48 с.;
  • * Х.Холжӯраев, А. Қаландар. Қабрдан мактуб. Тошдан нидо. Ёднома. – Ғафуров, 2012. – 320 с.;
  • * Х.Холджураев, Г.Зоиров. Академик Б.Г.Гафуров в памяти народа. – Худжанд, 2012. – 196 с.;
  • * Х.Холжӯраев, А. Қаландар. Меҳр булоғи. – Ғафуров, 2012. – 196 с.;
  • * Таджикистан: миллиарды под ноғами (золото, цветные металлы и металлургия). Материалы. Кн.1. – Худжанд, 2012.- 585 с.;
  • * Таджикистан: миллиарды под ноғами (золото, цветные металлы и металлургия). Материалы. Кн. 2.– Худжанд,2012.-480 с.;
  • * Х.Холджураев, М. Жӯрахон. Ижодимиздан Исписор: III-нчи китоб. – Ғафуров, 2012. – 449 с.;
  • * Х.Холжӯраев, Ш. Нуриддин. Исписор. I-нчи китоб. – Ғафуров-Хужанд, 2012. – 956 с. ва диг.

Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ташаббуси бевоситаи Ҳ. Холҷӯраев соли 1998 дар Ғафуров вилояти Суғд Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода шудааст.

Дар назди осорхона зери сарварии ӯ Маркази илмии "Ғафуровшиносӣ" ("Гафуроведение") амал карда истодааст, ки доир ба мероси илмии академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар масъалаҳои таърих тадқиқотҳои илмӣ мебарад. Марказ якчанд китобу рисолаҳои илмро ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва тоҷикӣ нашр намудааст.[3]

  • Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1977),
  • Аълочии мактабҳои олии ИҶШС (1984),
  • Дорандаи Ҷоизаи Умумиттифоқии олимони ҷавони ИҶШС дар соҳаи илм (1970),
  • Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000),
  • Дорандаи Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм (2002).
  • Энциклопедия ученых ХГУ имени академика Б. Гафурова. — Худжанд, 2002, - С. 268-269.
  • Энциклопедияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд. — Хуҷанд, 2008, - С.54, 121-122, 134, 156 ва диг.
  1. В Согде скончался ученик академика Бободжона Гафурова(тоҷ.). sugdnews.com. 15 июни 2020 санҷида шуд.
  2. Бобокалонов А., Холҷўраев Ҳ., Шарипов Ш. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.
  3. Саъдиев Ш.С., Шарифзода Ф. История создания и деятельности республиканского музея академика Б. Гафурова//Паёмномаи фарҳанг, 2015, № 4, соли 215-220; Ёднома//Нашрияи Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б Ғафуров, шумораҳои соли 2015-2016