Ҳавлои тари бодомӣ
Зоҳир
Ҳавлои тари бодомӣ
- Тарзи тайёр намудани Ҳавлои тари бодомӣ: тарзи пухтани ҳалвои тари бодомӣ мураккабтар буда, он аз тайёр кардани хамир, шарбати қанд ва ба шаклҳои гуногун даровардани ҳалвои тар иборат аст. Хамири ҳалвои тарро бе хамиртурушфақат бо обу орд тайёр мекунанд. Хамири ҳалвои тар ба мисли хамири ош бояд сахт бошад. Баъди 40-50 дақиқа хамирро ба табақи чуқур андохта, то тунук шуданаш бо об омехта кардан мегиранд. Баъд хамири обакиро аз ғалбер гузаронда, дар шаклҳои гуногун бирён мекунанд ва ба табақҳои чуқур андохта, аз болояш шарбати гарми қанд (ғафсиаш 60-65%) мерезанд ва ба рӯяш мағзи кӯфтаи бодом мепошанд. Ба 5 истакон орди гандум 3 истакон равған, 2 истакон қанд, 1 қошуқ мағзи кӯфтаи бодом, чанд чакра ҷавҳари сирко ё мева лозим аст.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П–Ҷ./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. – М: Советская Энциклопедия, 1969, - c. 609.
- Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Қаннодӣ. 18 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 июни 2017.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |