Ҳайдар Сафиев
Таърихи таваллуд: | 5 феврал 1950 |
---|---|
Зодгоҳ: | Кӯлоб , ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 20 январ 2023 (72 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | кимиё |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои химия |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Институти политехникии Киев |
Ҷоизаҳо: | Дорандаи Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001), Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология (2002). |
Сафиев Ҳайдар (5 феврали 1950, Кӯлоб — 20 январи 2023, Душанбе) — кимиёдон, доктори илмҳои кимиё (1997), профессор, Дорандаи Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001), Узви пайвастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (2015)[1]
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Ҳайдар Сафиев 5 феврали соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ҳайдар Сафиев Институти политехникии Киев ва Институти ҷамъиятии патентшиносиро хатм намудааст (1972), ихтисос — «технологияи маводи ғайриорганикӣ». Ассистенти кафедраи Институти политехникии Киев (1972—1973), мудири кафедраи Институти давлатии омӯзгории Кӯлоб (1977—1982), муовини мудири Шуъбаи илм, техника, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1982—1987), мудири озмоишгоҳи Институти химияи ба номи В. И. Никитини Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (1987—1998). Муовини сардори шуъбаи техникаи Корхонаи алюминийи Тоҷикистон (1998—2001), саркотиби илмии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (1991), ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2001—2005), мушовири Президенти ҶТ дар масъалаҳои илм ва технологияи баланд (2005—2009), директори Муассисаи давлатии «Институти илмиву тадқиқотии металлургияи» Корхонаи воҳиди давлатии ТАЛКО (2009).[2] Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химия ва технологияи маводи ғайриорганикӣ, коркарди ҷомеи ашёи хоми маъданӣ ва партовҳои саноатӣ. Муаллифи бештар аз 300 асари илмӣ. Дорандаи зиёда аз 30 шаҳодатномаи муаллифии ИҶШС, патентҳои Федератсия Русия ва Тоҷикистон.
Осор[вироиш | вироиши манбаъ]
- Об — мӯъҷизаи табиат.- Д., 2003,
- Комплексная переработка отходов производства алюминия. — Д., 2005. ва диг.[3]
Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- Дорандаи Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001),
- Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология (2002).[4]
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- АЪЗОИ ПАЙВАСТАИ АИ ҶТ Бойгонӣ шудааст 29 январи 2021 сол.
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Боз 7 академик зиёд шуд.Архив. 26 январи 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 январи 2015.
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Д.: Дониш, 2011. — 216 с.
- ↑ Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. — Д., 2008. — С. 280.
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Д.: Дониш, 2011. — 216 с.
- Зодагони 5 феврал
- Зодагони соли 1950
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Кӯлоб
- Даргузаштагони 20 январ
- Даргузаштагони соли 2023
- Википедия:Ашхосе, ки то як соли пеш фавт кардаанд
- Докторони илмҳои химия
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Кимиёшиносони Тоҷикистон
- Академикҳои АИ Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрии байналмилалӣ аз Тоҷикистон