Jump to content

Ҳайдар Қосимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳайдар Қосимов
Ҳайдар Қосимов
Зодрӯз 7 март 1922(1922-03-07)
Зодгоҳ қишлоқи ноҳияи Тоҷикобод ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 3 март 1993(1993-03-03)
Мансубият  Иттиҳоди Шӯравӣ
Намуди лашкар артиллерия
Рутба сержант
Набард/ҷангҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
Ордени Ленин Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи I Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Ситораи Сурх
Равобит
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
ордени Ленин Order of the Patriotic War 1st class ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Ситораи Сурх ордени «Нишони Фахрӣ» Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945"

Ҳайдар Қосимов (7 март 1922, Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро3 март 1993, ноҳияи Ҷайҳун, Вилояти Хатлон) — иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, командири экипажи ротаи 2-юми миномёт полки 229-уми тирандозии дивизияи 8-уми тирандозии корпуси 15-уми тирандозии артиши 13-уми Фронти марказӣ, сержант. Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов соли 1922 дар деҳаи Полезаки ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омадааст. Cоли 1928 падару бобои Ҳайдар барои киштзор кардани заминҳои бекорхобидаву туқайзори водии Вахш муҳоҷир шуда рафтаанд. Ҳайдар дар шаҳраки Вахш мактаби 10-соларо ба итмом мерасонад. Дар қатори дигарон ба ғаллакорӣ машғул мешавад. Ҳайдар Қосимов пас аз итмоми ҷанг ба Тоҷикистон, ба деҳаи худ - Вахш баргашта, сардори Бригадаи пахтакорӣ таъйин карда мешавад. Баъд аз соли 1961 раиси Шӯрои деҳоти «Тоҷикобод»-и ноҳияи Вахш интихоб карда мешавад. То соли 1990 дар ноҳия кор карда, сипас ба нафақа мебарояд.

Бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳайдар Қосимов ба сафи Артиши сурх даъват карда мешавад. Дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) курси минамиётчигиро хонда тамом мекунад. Соли 1942 аввалин бор дар шаҳри Сталинград (ҳоло Волгоград) дар муҳорибаи вазнин ширкат меварзад. Дар ин муддат барои корнамоиҳои диловарона, мардонагӣ ва далерӣ бори аввал бо ордени «Ситораи сурх» ва «Медали барои шуҷоат» сарфароз гардонида мешавад. Дар яке аз задухӯрдҳои шадид, Ҳайдар сахт ярадор гардид, пас аз муолиҷа дар госпитали ҳарбӣ, боз ба майдони ҷанг бармегардад. Дар вақти мушакпартоӣ, аз соҳили дарёи Днепр (Укроина) ба ҳуҷуми ҷавобӣ мегузарад. Дар аснои ҳамин ҳуҷум фармондеҳи рота ба ҳалокат мерасад. Ҳайдар Қосимов фармондеҳиро ба уҳдаи худ гирифта, дар оташу тиру тӯпи душман ҳамаи аскарони қисми ҳарбиро беталафот ба тарафи соҳили дарёи Днепр мегузаронад. Минамиётҳои растаи сержант Ҳайдар Қосимов ба кор даромаданд. Душманон чун барги дарахт ба замин мерехтанд. Ин амалиёти ҷавобии аскарони сурх ва танку тӯпҳои хушкигард боиси кушодани роҳ шуд, аскарони немис бо талафоти бисёр ба ақиб нишастанд. Аз ҳарду тараф садои фармони ӯро баланд мешуниданд, ки мегуфт: «Ба пеш!». Аскарон аз паси танкҳо ба пеш ҳаракат карда, ба душман зарбаи ҷавобӣ мегардонданд. Аскарони немисро таъқиб карда, нобуд мегардониданд ва аз хатти фронт гузашта, платсдарми аскарони немисро ишғол намуда, пас аз каме оромиданӣ истилогарони немис ба ҳуҷуми қатъӣ гузаштанд. Аскарони ротаи Ҳайдар Қосимов мардонавор меҷангиданд ва хатти ба даст овардаи худро аз даст намедоданд. Аз тири душман минамиёти Ҳайдар Қосимов несту нобуд гардида, аскарони қаторӣ кам монданд. Ҳайдар бо норинҷакҳои дастӣ ва автомат беист меҷангид ва худ ба худ мегуфт: «Худоё наход, ки охирин умри ман дар ҳаминҷо ба охир мерасида бошад?» Дар ҳамин лаҳза барои дастгирӣ кардан, ҷанговарони қисмҳои дигар расида омаданд ва ротаи ӯ аз муҳосира бароварда шуд. Сержант Ҳайдар Қосимов ҳамчунин дар чандин ҷангҳои дигар шират варзида, чандин аскари немисро асир гирифт, ки аҳамияти ҳарбӣ доштанд.

Ҳайдар Қосимов барои мардонагӣ ва ҷасорат нишон додан бо Укази Президиуми Шӯрои Олии СССР ба унвони олӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуд. Худи ҳамон рӯз шуъбаи сиёсии ҷабҳаи Сталинград варақаи сиёсӣ дар бораи корнамоиҳои диловаронаи Ҳайдар Қосимов баровард, ки дар сарлавҳаи он бо ҳарфҳои сурх чунин навишта шуд: “Шаъну шараф ба қаҳрамон, сержант-Ҳайдар Қосимов”.

Қисмати талхи «Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аммо қисмати талхи баъдии ӯро дар Ватан бинед, ки бо чи анҷомид. Ҳайдар Қосимов, дар муҳорибаҳои мудҳиши Ҷанги дуюми ҷаҳон ширкат варзида, ҷон ба саломат бурд. Вале моҳи марти соли 1993, 12 нафар силоҳбадастони худобехабар ба хонааш зада даромада, ӯро гаравгон гирифтанд. Мошинаи шахсиаш Газ-24, нишони тилои сарисинагии «Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ»-аш ва дигар дороиашро дӯздида, бурданд. Ба ин ҳам қаноат накарда, худашро бароварда, дар беруни ноҳия парронданд.[1]

  • Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Медали «Ситораи Тиллоӣ» «Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ» (ИҶШС);
  • Ордени Ленин Ордени Ленин (ИҶШС);
  • Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи I Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 1 (ИҶШС);
  • Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (ИҶШС);
  • Ордени Ситораи Сурх Ордени Ситораи Сурх (ИҶШС);
  • Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени Нишони Фахрӣ (ИҶШС).

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Касимов Хайдар.
  • Герои Советского Союза: Краткий биографический словарь / Пред. ред. коллегии И. Н. Шкадов. — М.: Воениздат, 1988. — Т. 2 /Любов — Ящук/. — 863 с. — 100 000 экз. — ISBN 5-203-00536