Ҳаким Эроншоҳ ибни Абулхайр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


Ҳаким Эроншоҳ ибни Абулхайр
Навъи фаъолият:

шоир

Ҳаким Эроншоҳ бинни Абулхайр аз шоирони охирҳои асрҳои XI ва аввалҳои асри XII буда, бо султон Муҳаммад бинни Маликшоҳи салчуқӣ 498-511 ҳиҷри (1104-1177 милодӣ) муосир мебошад. Соли таваллуд ва вафоташ номаълум аст. Дар асоси гуфтаҳои шоир дар оѓози достони «Баҳманнома», тахмин кардан мумкин аст, ки Эроншоҳ то соли 511 ҳиџри (1117 мелодї) дар ќайди ҳаёт будааст. Дар бораи џараёни зиндагонии у маълумоти дигар мавџуд нест. Аз осори Ҳаким Эроншоҳ факат достони «Баҳманнома» то ба замони мо омада расидааст, ки онро шоир дар ҳудуди соли 500 ҳиџрї (1106 милоди) ба номи султон Мухаммад бинни Маликшоҳи салчуќи ба риштаи назм кашидааст. Ин манзума ќариб 5500 байтро дар бар мегирад. Мавзӯи он иборат аз саргузашти Баҳман- писари Исфандиёр ва џангу корнамоиҳои ӯст, ки пас аз марги падараш уро паҳлавони Сиистон – Рустам тарбия кардааст.

Аз Баҳманнома[вироиш]

Мухтасаран мазмуни достон чунин аст: Баҳман баъди фавти Гаштосп бар тахти салтанат нишаста, барои интиќоми хуни падар ба џанги Фаромарз - писари Рустам бархост. Вай баъд аз задухӯрди зиёд Фаромарзро ба катл расонида, Зол ва набераҳои ӯро асир гардонид. Баҳман пас аз чанде таваккуф ҳамаи асиронро раҳо кард, ба џуз Озарбурзин - писари Фаромарз, ки ба ёрии Рустами Гури Гили аз банди Бахман озод шуд. Озарбурзин бо Баҳман џангҳои зиёде карда, борҳо ӯро танг мекунад. Оќибат онҳо ба ҳамдигар сулҳ бастанд ва Озарбурзин џахонпаҳлавони Баҳман гардид. Пас аз ин Баҳман тахти салтанатро ба духтараш Хумой во гузошта худаш дар шикоргоҳе сайди аждахо мегардад. Паҳлавонї ва корнамоиҳои Озарбурзин ҳам дар «Баҳманнома» ба таври васеъ инъикос карда шуданд.

Бурзин ва Аждаҳо[вироиш]

Чу Бурзин бурун рафт аз он суйи кӯҳ
Таковар шуд аз кӯҳи хоро сутух,
Хамеронд то шаб дар он ѓорҳо,
Фиканда сипар дид харворҳо.
Саросар дара сурху зарду сиёҳ,
Ҳамекард Бурзин бад-ӯ дарнигоҳ.
Ҳамегуфт, ки: «Андар чунин џой танг,
Ду лашкар, ҳамоно, ки кардааст џанг.
Яке аз он, сипоҳ аст бигрехта,
Зи ҳар су ба хок андар омехта».
Дар ин буд к-аз кӯҳи жарф аждаҳо,
Бигурриду кард оташ аз дам раҳо.
Ҳаво киргун гашт аз коми ӯ,
Замин рафт дар зери андоми у.
Дахонаш хамонанди ѓори фарох,
Чу алмос бар сар мар ӯро ду шох.
Ду чашмаш ба кирдори ду тоси хун,
Сараш хамчунон чун кӯхи Бесутун.
Давиду берун тохт ѓуррон зи ѓор,
Камон бар зеҳ овард марди савор.
Бипайваст бо шаст тири хаданг,
Чу дид аждаҳо, к-андаромад ба танг.
Чу бикшод шаст он яли номдор,
Ба чашмаш зад он тири алмосвор.
Зи партоб бар дида омад-ш рост,
Зи дард аждаҳо хештан кард рост.
Ҳаданге дигарбор пайванд кард,
Чунон чонварро чунин банд кард.
Заданд бар дигар дидаву кард кур,
Ҳаме з-он ду чашмаш зи тан рафт зур.
Яке аждаҳо баркашид аз ниём,
Ки този хамехонад ӯро хусом.
Бигуррид монандаи пили маст,
Ба як захм аз тан сараш кард паст.
Фуруд омаду чашмаи об џуст,
Ба об андаромад сару тан бишуст.
В-аз он џо биёмад ба џои намоз ,
Ҳаме гуфт к-«Эй довари дилнавоз!
Ту дори мар ин бандаро дастраст,
Ту боши ба хар џо фарёдрас»…

Набарди Бурзин ва Бахман[вироиш]

Сапедадам аз ҳарду лашкар хуруш
Бар он сон баромад, ки кар гашт гӯш.
Ялон баргирифтанд баргустувон,
Ба џӯш омад аз кина дар тан равон.
Аз он сӯй Бахман ҳамекард рост,
Чапу рост орост чунон ки хост.
Суйи маймана лашкари Рум буд,
Ки Саќли сипаҳдори он бум буд.
Суйи майсара шоҳи хоќони Чин
Сипоҳе ҳама ташнаи разму кин
Беҳонруз бо Дайлами кинавар,
Суйи Соќа шуд бо сипарҳои зар.
Ба калб андарун буд бо пили шоҳ,
Ѓуломону гарданкашони сипоҳ.
Ва з-он рӯй Бурзин сипаҳ баркашид,
Кас аз гард џои далерон надид.
Шаҳи ѓуриён буд бар маймана,
Камонвар сипоҳе ҳама яктана
Сӯйи майсара шоҳ Яздод буд,
Сипоҳе, ки чун кӯҳи фӯлод буд
Ба Рустам супурд он џаноҳи сипоҳ,
Худу шоҳ Туросп дар ќалбгоҳ
Або номдорону гурдони хеш
Сарафроз шерону мардони хеш,
Сипаҳ рост гашту баромад ѓирев
Ту гуфтї кушода шуд аз банд дев.
Зи бас тирборон чу парри уќоб
Бипӯшид тобонрухи офтоб.
Саворон чапу рост гардон инон,
Рубояндаи чон дурахшон синон.
Аз он теѓи заҳроби гарданрубой,
Ҳама дашт шуд пурсару дасту пой.
В-аз он хишти пулоди дахман ба санг
Замин шуд зи хуни ялон лаълранг.
Чу џавгон ҳама дасту пои сутур,
Сари мард чун гӯй дар пои бур.
Ҳама хок гил шуд зи хуни ялон,
Ҳама зард гаштанд рухи баддилон.
Миёни ду лашкар чу шуд џанг сахт,
Ҳамон гаҳ шаҳаншоҳи фирӯзбахт,
Фурӯд омад аз пилу айба бихост,
Силеҳи тани хештан кард рост.
Сӯйи лашкари Порс овоз дод,
К:-«Эй номдорони фаррухнажод,
Касе, к-у надорад маро аз меҳон.
Манам лашкаророй шоҳи џаҳон!
Ба Бурзин бигуед то бе диранг
Ба пеши ман ояд ба майдони џанг».
Чу бишнид Бурзин ҳам андарзамон
Бизад рону омад ба майдон давон.
Чунин дод посух, ки: «Бурзин манам,
Сари џангџӯёни ин кин манам!
Зи пушти Фаромарзи Дастони Сом,
Чунин то ба Таҳмураси некном.
Ту низ ар бигуй зи ному нажод,
Дар ин џойгаҳ дода боши ту дод!»
Манам, - гуфт Баҳман, - сари саркашон,
Бигӯям туро аз нажодам нишон,
Зи пушти гаронмоя Исфандиёр,
Зи Гаштосп андар џахон ёдгор.
Ҳама дон чунин то ба Таҳмоспи Зав,
Ниёкони ман номдорони гав.
Ҳама шахриёрони эронзамин,
Ҳама некномони покизадин».
Чу бишнид Бурзин ҳам он гоҳ зуд
Дар омад зи аспу ниёиш намуд.
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй шоҳи бо фарру зеб
Ба пайкори мо ранџа карди рикеб!
Бимон, то касе дигар ояд ба разм,
Ту шодон ҳамебош бо џоми базм!»
Бад-ӯ гуфт Баҳман, ки – «Оре, равост,
Аз ин кина џустан џахон бенавост,
Бикӯшему ин кина камтар кунем.
Магар ранџи гурдон сабуктар кунем.
Ба пеш ою гуфтор кӯтоҳ кун,
Маро аз ҳунарҳо ту огоҳ кун»
Бад-ӯ гуфт Бурзин; ки: «Шоҳи замин,
Набарди маро рой кард ин чунин!
Ба вижа, ки ман бандаи чокарам,
Битобад ҳаме аз набардат сарам.
Нашояд, ки бошам кунун пешдаст,
Ки напсандад ин марди яздонпараст.
Ҳунар кун ту пайдо, ки пеш омади,
На ман хондамат, балки хеш омади».
Бихандид аз он номваршоҳ з-уш,
Баровард гурзи чиҳил ман ба дӯш.
Бар-ӯ ҳамла карду бизад бар сараш,
Наёвард хам ёли кӯҳпайкараш.
Гумоне чунон бурд шоҳи џаҳон,
Ки пардохта гашт аз тани вай џаҳон.
Бад-ӯ гуфт, ки «Эй шоҳ, пас џойдор,
Яке заҳми гурзи маро пой дор!»
Чу гуфтори Бурзин ба Бахмал расид,
Битарсиду лахте фуру орамид.
Чу Бурзин ба гурзи гарон даст бурд,
Намуд у шоҳаншоҳро дастбурд.
Зи гардан фурухишт захме дурушт,
Биларзиду сарв андар омад ба пушт.
Зи нерӯи марду салеҳи гарон,
Кам омад замон бар сари сарварон!
Миёни шаҳаншоҳ чун дод ҳам,
Баросуд лахте, баровард дам.
Чу Бурзин шуд огах, ки ранџаш расид,
Бизад дасту тег аз миён баркашид.
Ба шоҳи ситамдида оҳанг кард,
Рухи шоҳ аз он ҳамла бе ранг кард.
Чу он дид хокон, бизад бар сипоҳ,
Зи лашкар биёмад ба ёрии шоҳ.
Ва аз он руй Рустам яке ҳамла кард,
Зи хомун ба гардун баровард гард!
Баромад деҳу дору гиру хурӯш,
Ҳаме дар тан омад равонхо ба чуш.
Џахон яксар аз хок зангоргун,
Рухи баддилон гашта биноргун.
Зи овози кӯсу зи шайпуру ной,
Надонист лашкар ҳаме сар зи пой.
Аџал дар сари найзаҳои ялон,
Шитобон ҳамешуд дили баддилон.
Чунин то шаби тирагун џанг буд,
Дару дашт бар лашкаре танг буд.
Нагунсор шуд ковиёнидурафш,
Зи гам руй бахман баромад бунафш.
Ҳама лашкараш таргу чавшан гирехт,
Ҳаме хар саворе ба суе гурехт.
Сипаҳбуд бишуд бо сипаҳ дар ќафо,
Кашида ҳама роҳ теѓи џафо.
На чандон бикуштанд аз он саркашон,
Ки додан тавонад кас ӯро нишон.
На чандон шуданд аз далерон асир,
Ки ѓунџад дар андешаи ёдгир.
Аз он пас ба лашкаргаҳаш бозгашт,
Аз он разм гетї пуровоз гашт.