Ҳалвобарон
Зоҳир
Ҳалвобарон — маросимест, ки дар арафаи идҳо ба хонаи арӯсшавада шираворӣ мефиристанд. Инчунин, тибқи боварҳо, дар тӯйҳо ба арӯсу домод ҳалво мечашонанд, то ки зиндагияшон ширин шавад. Дар ин бора ҳикмати халқие вуҷуд дорад, ки мегӯянд; «Ширинӣ аломати хушбахтист» ва ин гуна боварҳо дар байни мардум хеле роиҷ аст. Дар ҷашни арӯсии тоҷикон бисёр шугунҳои амалӣ бевосита иҷро карда мешаванд. Масалан, арӯсу домод ба хонаи худашон, ки бори аввал даромаданд, дар зери чодар ба онҳо оина нишон дода аз шириниҳо ба мисли мавиз, қанд, ҳалвои аз тути хушк тайёршуда мечашонанд, ё ба навхонадорон оби ширин медиҳанд.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Раҳимӣ Д. Шугун ва боварҳои мардуми тоҷик. – Душанбе: Озар, 2004.
- Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. – Душанбе: Пайванд, 2001;
- Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 2. – М: Советская Энциклопедия, 1969;
- Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
- Ҷумъаев Р. Ҷашни арӯсии тоҷикони водии Ҳисор (пажӯҳиши этнологӣ-фолклорӣ). – Душанбе: Амри илм, 2001.
Пайнавиштҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Раҳимов Д., Холмуродов З. Ҳунари ҳалвогарии тоҷикон. // Паёмномаи фарҳанг. 2015, № 3 (31). - Душанбе, 2015