Ҳамбург
олмонӣ: Hamburg[1] | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Роҳбар | Peter Tschentscher[d] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Масоҳат | |||||
Баландӣ | 6 ± 1 м | ||||
Вақти минтақавӣ | UTC+1[d] ва UTC+02:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Рамзи ISO 3166-2 | DE-HH | ||||
Коди телефон | 040 ва 04721 | ||||
Нишонаи почта | 20095–21149, 22041–22769 ва 27499 | ||||
Коди мошинҳо | HH | ||||
Вебгоҳи расмӣ(олмонӣ) Вебгоҳи расмӣ(англ.) |
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҳамбург (олмонӣ: Hamburg [ˈhambʊɐ̯k], олм. поин Hamborg [ˈhambɔːx]; талаффуз ) — замин дар қисмати шимолии Олмон, дар соҳили дарёи Элба ва шохоби он Алстер, 110 км болотар аз резишгоҳи он ба Баҳри Шимолӣ. Аҳолиаш 1,9 млн нафар (2013). Ҳамчун Шаҳри озод ва ҳанзеи Ҳамбург (олмонӣ: Freie und Hansestadt Hamburg) яке аз 16 замин ва шаҳр-ҷумҳурӣ шомили ҶФО мебошад.
Сеюмин бандари баҳрӣ дар Урупо (баъди Роттердам ва Антверпен) мебошад. Бандари моҳигирӣ. Маркази калони р. о ва роҳҳои автомобилгард. Фурудгоҳи байналмилалӣ, метрополитен дорад. Алоқаи нақлиётии обии Ҳамбург бо паром (тавасути дарёи Элба) сурат мегирад.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамбургро соли 808 Карли Бузург ҳамчун қалъаи Ҳаммабург («шаҳрчаи ҷангалӣ») бино кардааст. Онро соли 845 норманҳо ва соли 1030 шоҳи Лаҳистон Мешкои II оташ задаанд. Дар асрҳои 10-11 қароргоҳи графҳои саксонӣ буд. Дар садаи XIII Ҳамбургро Дания ишғол кард. Аз соли 1510 шаҳри озод. Соли 1629 дар Ҳомбург нахустин бонк кушода шуд. Солҳои 1810-14 онро сипоҳиёни Наполеони I забт карданд. Аз соли 1815 узви Иттиҳоди Олмон. Ҳудуди феълии маъмурии Ҳамбург соли 1938, баъди ба ҳайати он дохил шудани шаҳрҳои Алтона, Ҳарбург-Вилҳелмбург, Вандебен, Бергедорф ва чандин деҳа муайян гардид. Солҳои 1943-45 қариб нисфи Ҳамбург аз бомбаборони иттифоқчиён хароб гардида буд. Майи 1945 Ҳамбургро сипоҳиёни Бритониё ишғол карданд. Аз соли 1949 ба ҳайати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дохил шуд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Айни замон Ҳамбург маркази бузурги савдо, нақлиёт, саноат, молия ва табъу нашри Олмон мебошад. Дар Ҳамбург 6200 ширкати телевизионӣ, саноати кино, ВАО (васоити ахбори омма), нашриёт, бонку барномаҳои бузург, корхонаҳои коркарди нафт, филиззоти сиёҳу ранга ҷойгиранд. Дар Ҳамбург саноати киштисозӣ, мошинасозӣ, самолётсозӣ, электронӣ, электрӣ, кимиё, коркарди чӯб, табъу нашр, хӯрокворӣ тараққӣ кардаанд.
Гардишгарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамбург маркази бузурги сайёҳист (соле 12 млн сайёҳро қабул мекунад).
Ёдмонҳои таърихӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ёдгориҳои меъмории Ҳамбург Ратуша (1817), калисоҳои Петри Муқаддас (асри 12 — 1682), Якови Муқаддас (асрҳои 13-15), Екатеринаи Муқаддас (асрҳои 14-15), Михаили Муқаддас (1750-62), бурҷи калисои Николайи Муқаддас (асри 18), маҷмӯи анборҳои Шпайхерштадт (1885—1927) бо осорхона, маркази конгресси Ҳамбург (1973), Намоишгоҳи савдои Ҳомбург донишгоҳҳои тиббӣ, меъмории баҳрӣ, Институти таҳқиқоти ҳастаӣ (ядроӣ), маркази бузурги тиббӣ, осорхонаҳои бадеӣ, мардумшиносӣ, таъриху фарҳангӣ, касбу ҳунар, боғи ҳайвонот, боғи ботаникӣ, боғҳои истироҳат, 40 театр, аз ҷумла Театри миллии Олмон, 3 оркестри симфонӣ дорад.
Варзиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://www.onomastik.com/on_geschichte_hamburg.php (нем.)
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Alle politisch selbständigen Gemeinden mit ausgewählten Merkmalen am 31.12.2018 (4. Quartal) — Federal Statistical Office.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Alle politisch selbständigen Gemeinden mit ausgewählten Merkmalen am 31.12.2023 (нем.) — DESTATIS, 2024.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳамбург // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.