Jump to content

Ҳамгунсозии фарҳангӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳамгунсозии фарҳангӣ (форсӣ: همگون‌سازی فرهنگی‎), ассимилятсия (лот. assimilatio) — бегона гаштани одамон аз баъзе хусусиятҳои миллию этникии худ ва гузаштан ба умумияти дигар бо қабул намудани хусусиятҳои этникии он.

Дар ин раванд муҳоҷир забони миллати дигарро ба сифати забони модарӣ қабул менамояд. Одамон фарҳанги миллӣ, маишат ва анъанаҳои навро аз худ мекунанд. Шахс вориди ҳаёти ҷамъиятию миллии умумияти дигари иҷтимоию этникӣ мегардад. Равандҳои ассимилятсионӣ бегонашавиро аз хусусиятҳои муайяни этникӣ метезонанд. Он бештар дар байни аҳолии шаҳр мушоҳида мегардад. Шаҳрҳои калон, ки аз ҷиҳати миллӣ гуногунчеҳра мебошанд, имконоти бештари авҷ гирифтани равандҳои ассимилятсиониро доранд. Кӯшишҳо баҳри аз худ намудани шаклҳои нави фарҳанг ва навъҳои муошират боиси инкори шаклҳои куҳнаи фарҳанг ва қоидаҳои рафтор мегарданд. Одамон ба муҳити нави миллию фарҳангӣ ворид шуда, ба он одат мекунанд. Ин дар бисёр ҳолатҳо, агар дар насли дуюм набошад, дар насли сеюм, ба ассимилятсияи этникӣ боис мешавад.

  • Философская энциклопедия. В 5-х т. Москва, 1986;
  • Совецкая энциклопедия. Под ред. Ф. В. Константинова, 1960—1970;
  • Ассимиляция в физиологии//Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона. В 86 томах (82 т. и 4 доп.). СПб., 1890;
  • Автономизм, Сионизм. Ср.: Осип Рабинович. Собрание сочинений. «Рассвет». 1860;
  • «Искра». № 7, 8, 51, 55 58, «Заря». № 4 (1902).