Jump to content

Ҳамид Бақозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳамид Бақозода

Ҳамид Бақозода (5 майи 1910, Самарқанд16 сентябри 1943, дар оромгоҳи деҳаи Русинои ноҳияи Корочевскийи вил. Ор­лови Федератсияи Россия мадфун аст) — публитсист, омӯз­гор ва муҳаққиқи тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҶБВ (1941–45) ба шаҳодат расидааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, дар Донишкадаи омӯзгории Самарқанд ва Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд таҳсил кардааст.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз 14-солагӣ ба кори рӯзноманигорӣ ва омӯзгорӣ машғул шудааст. Фаъолияти омӯзгории Ҳамид Бақозода солҳои 30 садаи 20 дар мактаби миёнаи собиқ вил. Ӯротеппа (1925), Комбинати педа­гогӣ, Омӯзишгоҳи педагогӣ, Техникуми педагогии ба номи Баумани Самарқанд ва Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент ҷараён ёфтааст. Яке аз мухбирони фаъоли рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик», «Ҳақиқати Ӯзбекистон», маҷаллаҳои «Раҳбари дониш», «Мактаби сове­тӣ» ва корманди Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд. Бо имзоҳои «Ҳуттӣ», «Як ҷаво­ни тоҷик», «Тоҷик», «Тоҷик­дӯст», «Ҳ. Бақозода» ва ғ. ма­қолаҳо менавишт. Аз 14 окт. 1924 то 30 дек. 1930 танҳо дар рӯзномаи «Овози тоҷик» бо имзоҳои мустаор зиёда аз 900 номгӯй навиштаҳои ӯ ба табъ расидаанд. Дар с-ҳои 1931–41, то вақти ариза дода, ихтиёран ба ҶБВ рафтан, дар матбуоти солҳои 20–30 садаи 20 қариб 1000 мақола ба табъ расондааст. Оид ба масъа­ла­ҳои муҳим, аз ҷумла ҳи­мояи манфиатҳои миллии хал­­қи то­ҷик ҳангоми тақсимоти ҳудуд­ҳои миллии Осиёи Марказӣ ва ибтидои ташкилёбии ҶТ зиёда аз 30 мақо­лаи бу­нёдӣ навиш­тааст, ки «Дар арафаи мухторияти тоҷикон» (1924), «Барои маорифи тоҷикон» (1925), «Тӯдаи кашшофони тоҷик­нажод ташкил гардид» (1925), «Аҳволи зироат дар Тоҷи­кистон» (1926), «Тӯдаи сиёсӣ дар маҳаллаи тоҷи­кони шаҳри Тошканд» (1927), «Ба забони маҳаллӣ риоя кунанд» (1928), «Адабиёти тоҷик ба омма наздик мешавад» (1929), «Конференсияи илмии тоҷикони Ӯзбекис­тон» (1930) ва ғ. дар он шуморанд. Муаллифи зиёда аз 100 мақола дар бораи мактабу маориф ва зиёда аз 30 китоби дарсӣ доир ба забону адабиёти тоҷикӣ мебошад. «Сарф» (ҳамроҳи Т. Зеҳнӣ, барои синфҳои 5-и мактабҳои миёна, 1935), «Машқҳои имлоӣ» (қ. 1, барои синфҳои 1 ва 2-и мактабҳои ибтидоӣ, 1936), «Забони тоҷикӣ» (барои мак­табҳои чаласаводон, 1936–38) ва ғ. аз таълифоти ӯянд. Соли 1939 ба Сталинобод (Душанбе) омада, дар Институти таҳқиқоти илмии мактабҳо ва идораи маҷаллаи «Мактаби советӣ» кор кардааст. Дар рушди соҳаи маорифи тоҷик саҳми калон гузоштааст. «Китоби дарсии забони тоҷикӣ» (барои синфҳои 3 ва 4-и мактабҳои ибтидоӣ, қ. II, 1938–40), «Машқҳои имлоӣ» (барои синфҳои 3 мактабҳои ибтидоӣ, 1937–40), «Забони тоҷикӣ. Грамматика ва ор­фография» (барои мактабҳои чаласаводон, ҳамроҳи Ҳ. Каримов, 1941), «Китоби дарсии забони тоҷикӣ. Грамматика ва имло» (қ. IV, барои синфҳои 4-и мактабҳои ибтидоӣ, 1941) ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Аз зумраи аввалин равшанфикрони тоҷик буд, ки баъди таъсиси «Рӯзи Рӯдакӣ» зарурати ҷашни умумихалқии Рӯдакиро қатъӣ ба миён гузошт: «Ҷашни шоири бузурғамон Абул­ҳасани Рӯдакӣ кай мешавад?» (1925), «Барои муассиси адабиётамон ҷашн лозим аст» (1925). Дар бораи устод С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ ва диг. адибони ҷавони то­ҷик, масъала­ҳои забон ва тарҷу­маи бадеӣ дар ҳамон давра як силсила мақола навиштааст.

Ҷоизаву ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1935 барои нишон додани фаъолият­мандӣ дар мубориза барои интизом ва сифати хуби таълим бо Ифтихорномаи Комб. педагогии Самар­қанд ва унвони фахрии «Зарбдори панҷ­солаи 2» мукофотонида шудааст. Расми Б. дар албоми аввалин хатмкардагони Техникуми педагогии тоҷикии ба номи Баумани Комиссиариати халқии маорифи ҶШС Ӯзбекистон дар Самар­қанд (1931–34), дар қатори муаллимони беҳтарин ҷой гирифтааст.

  • Маорифпарваре аз насли сеюм (Мураттиб Ҷ. Бақозода). Д., 2011.