Ҳамро Тоҳирова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ҳамро Тоҳирова
Ҳамро Зоировна Тоҳирова
Таърихи таваллуд

1912

Зодгоҳ

ноҳияи АштҶШС Тоҷикистон

Шаҳрвандӣ

 Тоҷикистон Тоҷикистон

Пеша

civil servant


Ҳамро Зоировна Тоҳирова - меъмор, аввалин бинокорзани Тоҷикистон, Бинокори хизматнишондодаи Тоҷикистон/

Зиндагинома[вироиш]

Ҳамро Зоировна Тоҳирова 22 августи соли 1912 дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар оилаи коргар чашм ба дунё кушод. Вай фаъолияти меҳнатиашро соли 1935 баъди хатми Донишкадаи давлатии Осиёи Миёна оғоз намуд. Ӯ аввалин бинокорзани Тоҷикистон гардида, солҳои 1936 - 1940 саркор, сардори участкаи сохтмон ва муҳандиси шуъбаи сохтмони асосии Кумитаи давлатии сохтмону назорати Шӯрои Комиссарони Халқи ҶШС Тоҷикистон шуда кор кардааст. Вай иштироккунандаи анҷумани умумиттифоқии меъморон, муаллифи як қатор лоиҳаҳои бинову иншоотҳо буд. 1 марти соли 1936 Маҷлиси машваратии бинокорон дар шаҳри Душанбе барпо гардид. Тоҳирова Ҳамро узви Иттифоқи меъморони Тоҷикистон гардид. Дар он Тоҳирова Ҳамро низ ширкат дошт. Дар ҳамон маҷлиси машваратӣ рӯзи Иттифоқи меъморони Тоҷикистон таъсис дода шуда, аввалин конфронси ҷумҳуриявии меъморон барпо гардид. Ба раёсати конфронс меъморон С.В. Кутин, П.Р.Сироткин Тоҳирова Ҳ. интихоб шуданд. Тоҳирова Ҳамро Зоировна аз соли 1940 то соли 1954 дар вазифаҳои масъули давлатӣ аз ҷумла дар Шӯрои Комиссарони халқии ҷумҳурӣ ва Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон фаъолият намуд. Дар вазифаҳои мудири шуъбаи кор бо занони Комитети Марказӣ, мудири шуъбаи кор бо саноат ва нақлиёти Комитети Марказӣ, Котиби комитети марказии Шурои Олии Тоҷикистон, вазири сохтмони шаҳру деҳот, вазири сохтмон, вазири масолеҳи бинокорӣ ва саноат, раиси Кумитаи давлатии нақшакашии ҷумҳурӣ, ҷонишини раиси шӯрои хоҷагии халқи ноҳияи иқтисодии Осиёи Миёна, ҷониши якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон шуда фаъолият намудааст. Аз соли 1968 то соли 1974 дар вазифаи раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои маданӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ифои вазифа карда, дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ саҳми калон гузошт.[1]

Фаъолият[вироиш]

Тоҳирова Ҳамро дар бунёди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иштирок кардааст. Бунёди иншооти мазкур дар ҳамон солҳо барои Тоҷикистон воқеаи дорои аҳамияти бузург буд. Маркази бузурги фарҳангӣ дар меҳвари хиёбони ҷумҳуриявӣ ва академик Раҷабовҳо бунёд гардид. Ҳамро Тоҳирова – ягона бинокорзани тоҷик ба вазифаи коргузори иншооти мазкур таъин гардид. Дар ин давра як қатор биноҳои Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мактабҳои миёна ва маҳаллаҳои истиқоматӣ бо иштирок ва роҳбарии ӯ сохта шуданд. Соли 1954 Ҳамро Тоҳирова вазири сохтмони ҶШС Тоҷикистон интихоб гашта, дар давоми ҳафт соли роҳбарии ӯ (то соли 1961) биноҳои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Чойхонаи Роҳат, бинои Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон, меҳмонхонаи Душанбе, нерӯгоҳҳои барқи обии Қайроққум, Норак ва Бойғозӣ, биноҳои асосии истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ қомат афрохта, ҳамчунин беш аз 1 миллион аҳолии ҷумҳурӣ соҳиби манзилҳои нави истиқоматӣ шуданд.[2]

Ҳамро Тоҳирова аз соли 1937 - то соли 1957 аъзои Иттифоқи меъморони Иттиҳоди шуравӣ буд. Тоҳирова Ҳамро Зоировна соли 1974 ба нафақа баромада, вай фаъолияти ҷамъиятиашро дар Иттифоқи меъморони Тоҷикистон қатъ накарда, дар ҳамаи анҷуманҳо, плениумҳо ва машваратҳои меъморони ҷумҳурӣ ва ИҶШС иштирок менамуд.

Мукофот[вироиш]

  • 3 карат ордени «Нишони фахрӣ»,
  • 5 карат ордени «Байрақи Сурхи меҳнат»,
  • медалҳои «Барои меҳнати диловарона дар Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,
  • “Барои меҳнати шуҷоатнок”,
  • Бинокори хизматнишондодаи Тоҷикистон,
  • Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олӣ ва Кумитаи занҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ шудааст. [3]

Эзоҳ[вироиш]