Ҳаннофер (шаҳр)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҳанновер (шаҳр))
Шаҳр
Ҳаннофер
Hannover
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар Олмон
Роҳбар Belit Onay
Таърих ва ҷуғрофиё
Аввалин номбарӣ 1150
Масоҳат 204,14 км²
Баландии марказ 55 м
Навъи иқлим Иқлими уқёнусӣ
Минтақаи замонӣ {{{минтақаи замонӣ}}}
Аҳолӣ
Аҳолӣ 536.925 тан (31.12.2019)
Зичӣ 2630 тан/км²
Забони расмӣ олмонӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 0511
Нишонаи почта 30159–30659
Коди мошин H

hannover.de
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳаннофер (олмонӣ: Hannover [haˈnoːfɐ], олм. поин Hannober) — шаҳр, маркази маъмурии музофоти Саксонияи Поёнӣ дар Олмон, дар соҳили дарёи Лайн. Аҳолиаш тақрибан 537 ҳазор нафар (31.12.2019).

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Маркази бузурги р. о. Бандар дар дарёи Лайн ва дарёчаи Олмони Миёна. Фурудгоҳи байналмилалӣ (Ҳаннофер-Лангенҳаген), трамвайи зудрав (бо минтақаҳои зеризаминӣ), шаш хатти роҳи оҳани наздишаҳрӣ дорад. Дар маъхазҳои таърихӣ бори аввал соли 950 зикр шудааст. Соли 1150 герсог Ҳейнрих Лев дар Ҳаннофер қасри худро сохт. Аз соли 1241 шаҳри Ҳаннофер қароргоҳи оилаи герсогҳои Брауншвайг-Люнебург (1636) буда, аз 1692 пойтахти князии Брауншвайг-Люнебург. Ҳаннофер соли 1866 ба ҳайати Прусия ворид шуд. Дар охири садаи XIX ба маркази бузурги р. о. ва саноатии мамлакат табдил ёфт. Солҳои 1943–45 бар асари бомбаборони қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии иттифоқчиён хароб гардида, солҳои 50-и садаи XX аз рӯйи нақшаи тартибдодаи британиҳо қисман барқарор карда шуд. Ҳоло Ҳаннофер маркази муҳимми саноатӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ ва нақлиётии Олмон аст. Дар Ҳаннофер заводҳои коркарди филлизоти ранга, мошинасозӣ (аз ҷумла локомативсозӣ, поездсозӣ, тракторсозӣ), корхонаҳои электронӣ, электротехникӣ, кимиёӣ, табъу нашр, бофандагӣ, хӯрокворӣ мавҷуданд.

Ёдгориҳои таърихӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ёдгориҳои таърихию меъмории Ҳаннофер: калисоҳои Маркт (1359), Кройс (1333), димнаи калисои Эгиден (1350), Ратушаи куҳна (1435–1480). Ратушаи нав (1913) дар соҳили кӯли сунъии Маш-Тайх, қасри шоҳии Лайне (1640; ҳозира Ландтаги Саксонияи Поён), қароргоҳи тобистонии шоҳии Ҳерренхаузен (асрҳои 17–18; бо боғи калон ба услуби барокко ба гунаи Версал, 1666–1714), хонаи Баллҳоф (1664), Манораи Бегинен (1357), сутуни Ватерлоо (42 м; 1832), Манораи телевизионии «Телемакс» (1992). Дар Ҳаннофер Донишгоҳи ба номи Ҳаннофер В. Лейбнитс, мактаби олии тиббӣ, академияи театр ва мусиқӣ, осорхонаҳои Саксонияи Поён, бадеӣ, таърихӣ, театрӣ, ҳавопаймоӣ, Осорхонаи инфиродии нависанда В. Буш, хонаи Ҳаннофер В. Лейбнитс, театри опера, боғи ҳайвонот, боғи ботаникии Берг фаъолият доранд. Аз соли 1947 то имрӯз ҳар сол намоишгоҳҳои байналмилалии саноатӣ, инчунин, намоишгоҳҳои илмию-техникӣ, озмунҳои ғижжакнавозон, телекоммуникатсионӣ (мухобиротӣ), кишоварзӣ, техникӣ гузаронида мешаванд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Саҳифаи расмӣ

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]