Ҳариванш Рай Баччан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳариванш Рай Баччан
ҳиндӣ: हरिवंश राय बच्चन
Таърихи таваллуд: 27 ноябр 1907(1907-11-27)[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 18 январ 2003(2003-01-18)[1][2] (95 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: ҳиндӣ[1]
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳариванш Рай Баччан (27 ноябри 1907, Аллоҳобод18 январи 2003) — шоир ва тарҷумони Ҳиндустон, падари ҳунарманди машҳури кинои Ҳиндустон Амитабҳ Баччан.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба забони ҳиндӣ эҷод мекард. Дар донишгоҳҳои Аллоҳобод ва Банорас таҳсил кардааст. Унвони доктори илмҳои-ро дар Донишгоҳи Кембриҷ (Англия) гирифтааст (1954). Дар 16-солагӣ ба шеъргӯӣ оғоз кард, вале аз навиштаҳояш қаноатманд набуд. Солҳои 30 садаи 20 якчанд ҳикоя навишта (ҳикояи нахустинаш — «Чашмони дил», нашраш 1931) боз ба шеър рӯй овард. Маҷмӯаи нахустини шеърҳояш «Гарданбанди ту» (1932). Баъдан с-ҳои гуногун маҷмӯаҳои дигари ашъораш, аз қабили «Ин тарафу он тарафи селоб», «Шеърҳои дӯстдоштаи Баччан», «Ашъори беҳтарини ман» ва ғ. ба табъ расидаанд. Баччан дар Ҳиндустон чун тарҷумони рубоиёти Умари Хайём (аз англисӣ — аз рӯйи тарҷумаҳои Э. Фитсҷералд) машҳур гаштааст. Соли 1933 Баччан дар муддати як ҳафта 75 рубоии Хайёмро аз англисӣ (тарҷумаи Э. Фитсҷералд) ба ҳиндӣ тарҷума карда, бо номи «Шаробхонаи Хайём» дастраси хонандагон намуд. Ҳар як рубоии ба ҳиндӣ тарҷумакардаи Баччан аз ҳашт мисраъ иборат аст, вале ӯ таъкид намудааст, ки инҳо на 8 мисраъ, балки 4 мисраи дарозанд. Тарҷумаҳои Баччан дар Ҳиндустон машҳур гардиданд ва гаштаву баргашта нашр мешаванд. Баччан дар таъсири рубоиёти Хайём мактаби рубоинависӣ бунёд кардааст. Дар ин замина ҷараёни адабие ба миён омадааст, ки онро «Шаробизм» («Ҳалавад») мегӯянд. Инчунин ба қалами Баччан маҷмӯаҳое бо номи «Шаробхона» («Мадҳушала»), «Духтари шароб» («Мадҳубала»), «Кӯзаи шароб» («Мадҳукалаш») ва ғ. тааллуқ доранд, ки дар таъсири рубоиёти Хайём эҷод гардидаанд. Дар Ҳиндустон инчунин марсияи Баччан — «Ноябри соли 1984» (моҳи марги фоҷиавии Индира Ганди) машҳур аст. Баччан-ро дар Ҳиндустон чун бунёдгузори забони муосири ҳиндӣ мешиносанд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ҷоизаи Академияи адабиёти Ҳиндустон, инчунин ҷоизаҳои «Падма Бҳушан», «Нилуфар» сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Discogs (ингл.) — 2000.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Раҷабов Ҳ. Ин аст Ҳиндустон. Д., 2007;
  • Сенкевич А. Н. Хариванш Рай Баччан. М., 1979.