Ҳаролд Уолтер Бейли
Таърихи таваллуд | 16 декабр 1899[1][2] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 11 январ 1996[2] (96 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Ҳаролд Уолтер Бейли (англ. Harold Walter Bailey, 16 декабри 1899 — 11 январи 1996) — шарқшиноси англис, мутахассиси забонҳои хутанӣ, санскрит. Донандаи беш аз 50 забони қадимию зиндаи Шарқ ва Аврупо. Узви Академияи илмҳои Британия (1944).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]То соли 1927 дар Австралия зиндагӣ кардааст. Ба худомӯзӣ машғул буд. Бо ёрии китобҳои аз китобхона дастраскардааш забонҳои итолиёӣ, испанӣ, лотинӣ, юнонӣ, русӣ ва ғ-ро омӯхт. Библияро ба забонҳои тамилӣ, арабӣ, ҷопонӣ мехонд. Бо роҳи худомӯзӣ забони авестоиро низ аз худ кард. Пас аз хатми Донишгоҳи Оксфорд дар Мактаби пажӯҳишҳои шарқшиносии Лондон аз соли 1928 то 1936 кор кард. Проф. санскрит дар Донишгоҳи Кембриҷ (1936-67). Соли 1967 ба истеъфо баромад. Доираи фаъолияти илмии Бейли хеле васеъ буд. Ӯ ба омӯзиши "Бундаҳиш " ва диг. осори паҳлавӣ ба забони форсии миёна машғул шудааст. Осори адабии хутаниро омӯхтааст [«Пажӯҳишҳои ҳиндускифӣ. Матнҳои хутанӣ», ҷ-ҳои 1-6, 1945-67; «Адабиёти хутанӣ», дар кит. «Таърихи кембриҷии Эрон», ҷ. 3 (2), 1983].
Ҳаролд Уолтер Бейли оид ба Авесто низ китоб навиштааст: «Авесто-китоби форсҳо» (1934), «Масъалаҳои зардуштия дар осори қарни IX» (1943) ва ғ. Ҳ.У. Бейли соҳибунвони 4 донишгоҳ (аз ҷумла Оксфорд), узви Ҷамъияти шоҳии осиёӣ, Ҷамъияти афғоншиносӣ, Ҷамъияти пажӯҳишҳо оид ба митраизм ва ғ. буд. Барои хидматҳояш дар шарқшиносӣ унвони ритсариро гирифт (1960).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Каталог Немецкой национальной библиотеки (нем.)
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бейли, Ҳаролд Уолтер / П. Ҷамшедов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.