Ҳасан Банно

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ҳасан Банно
ар. حسن البنا
Hassan al-Banna.jpg
Санаи таваллуд:

14 октябр 1906(1906-10-14) ё 1906[1][2]

Санаи марг:

12 феврал 1949(1949-02-12)

Commons-logo.svg Ҳасан Банно дар Викианбор

Ҳасан Банно (ар. حسن البنا‎; 14 октябри 1906, Маҳмудия, Буҳайро, Миср12 феврали 1949, Қоҳира) — исломшинос, муассиси Ҷамъияти «Ихвону-л-муслимин».

Зиндагинома[вироиш]

Дар мадрасаи «Дору-л-улум»-и Қоҳира таҳсил кардааст. Аввал ба таълиму тарбия машғул буда, баъдан, дар ш. Исмоилия, иқомат карда, ба таъсиси Ҷамъияти «Ихвону-л-муслимин» пардохт. Хонаи ӯ аввалин ҷойи ҷамъшавии аъзои ҷамъият (ихвон) буд. Ҳасан Банно лақаби «Муршиди Ом»-ро касб карда, бо пайравонаш дар шаҳру деҳоти гуногуни Миср ба тарғибу ташвиқи ақидаҳояш машғул гардид. Хизмати Ҳасан Банно дар он зоҳир мегашт, ки барои ҷамъияти ташкилкардааш дар ҳар шаҳре қароргоҳе таъсис медод, ки ҷойи ҷамъшавӣ ва фаъолияти аъзо мешуд. Ҳасан Банно муддате дар Донишкадаи духтаронаи ш. Исмоилия кор кард ва пас аз он ба Қоҳира барои мударрисӣ даъват шуд. Дар Қоҳира ҷамъияти мазкур газетаеро нашр намуданд. Ҳангоми сар задани низои фаластиниён бо яҳудиён «Ихвону-л-муслимин» як гурӯҳ ихтиёриёнро ба ҷанг сафарбар намуд. Ҷамъияти мазкур тадриҷан ба корҳои сиёсии мамлакат дахолат мекардагӣ шуд ва аз ин рӯ, ҳукумати Миср фаъолияти ҷамъиятро манъ кард. Баъди оғоз ёфтани амалиёти террористии аъзои «Ихвону-л-муслимин», таъқиби онҳо сар шуд. Аксари сарварони ин ҷамъият ба Сурия паноҳ бурданд. Ҳасан Банно бо дасти шахсони номаълум ба қатл расид. Ёддоштҳои ӯ баъди вафоташ бо унвони «Ёддоштҳои даъват ва диоят» нашр гардид.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]