Ҳастишиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳастишиносӣ (форсӣ: هستی‌شناسی‎), онтоло́гия (лот.нав: ontologia аз юн.-қад. ὄν, ὄντος — ҳастӣ, вуҷуд + λόγος — дониш, илм) — як шохаи фалсафаро гӯянд, ки аслу асоси куллӣ, принсипҳо таркиб ва қонунияти умумии ҳастиро таҳқиқ мекунад.

Моҳиятан ҳастишиносӣ як навъ манзараи оламеро ифода мекунад, ки ба маърифати воқеият мувофиқ омада, дар системаи категорияҳои фалсафие, ки ба ину он давр ва инчунин анъанаи фалсафӣ (материализм ё идеализм ва ғайра) хос аст, дарҷ мегардад.

Ба ин маънӣ ха­ма гуна системаи фалсафӣ ва умуман системаи донишҳои назарӣ ба тасаввуроти муайяни ҳастишиносӣ такя меку­над, ки худ ба қадри инкишофи маърифат тағйир меёбад. Соли 1613 аввалин бор истилоҳи «ҳастишиносӣ»-ро Р. Гоклениус (Олмон) дар истилоҳоти фалсафӣ ҳамчун муродифи мета­физика истифода бурдааст. Дар мактаби X. Волф ҳастишиносӣ ҳамчун номи қисми аввал ва асосии метафизика истифода мешуд, ки бо таҳсису таъбири умуман ҳастӣ сару кор дошт.

Ҳастишиносӣ то ибтидои садаи XIX ба таври муроқибавӣ инкишоф ёфта ба тасаввуроти мавҳуме доир ба моҳияти ашё такя мекард. Марксизм бар хилофи таълимоти дигари фалсафӣ зарурати ягонагӣ ва алоқамандии ботинии ҳастишиносӣ, гносеология ва мантиқ, вобастагии тасаввуроти ҳастишинохтӣ ва маърифатро асоснок кардааст. Дар садаи XX баробари баланд шудани дараҷаи абстрактияти маърифати илмӣ баъзе масъалаҳои принсипиалии онто­логӣ ба миён омад. Масалан, шарҳу таъвили ҳастишинохтии мафҳумҳои муҷарради илми ҳозира (физикаи зарраҳои элементарӣ, космология), ба вуҷуд овардани таҳкурсии назариявӣ барои тадқиқоти методологӣ ва ғайра.

Дар адабиёти марксистии муосир масъала дар боби ҳастишиносӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст: агар баъзеҳо мустақилона вуҷуд доштани ҳастишиносиро инкор кунанд, дигарон бошанд, баръакс, мегӯянд, ки ҳастишиносӣ бояд дар зимни материализми диалектикӣ ҳамчун cоҳаи махсус мавқеи худро нигоҳ дорад.

Як қатор равияҳои фалсафии ҳозираи буржуазӣ, аз қабили феноме­нология, экзистенсиализм ва персо­нализм паи онанд, ки масъалаҳои пешинаи ҳастишиносӣро аз нав таҷдид намуда, онҳоро аз ҷиҳати субъективию шахсӣ тахқиқ кунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаблон:Шохаҳои фалсафа