Jump to content

Ҳаҷ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Ҳаҷ (ар. حَجّ‎) — тавофӣ, ки бо зиёрати Макка (Масҷидулҳаром) ва гирду атрофи он (кӯҳи Арафот, водиҳои Муздалифа ва Мино) дар вақти муайян, вобаста аст. Ҳаҷ панҷум рукни ислом аст, пас аз Шаҳодат, Намоз, Закот ва Рӯза[1].

Ҳаҷ дар Қуръон

[вироиш | вироиши манбаъ]

وَأَذِّنْ فِي النَّاسِ بِالْحَجِّ يَأْتُوكَ رِجَالًا وَعَلَى كُلِّ ضَامِرٍ يَأْتِينَ مِنْ كُلِّ فَجٍّ عَمِيقٍ  لِيَشْهَدُوا مَنَافِعَ لَهُمْ وَيَذْكُرُوا اسْمَ اللَّهِ فِي أَيَّامٍ مَعْلُومَاتٍ عَلَى مَا رَزَقَهُمْ مِنْ بَهِيمَةِ الْأَنْعَامِ فَكُلُوا مِنْهَا وَأَطْعِمُوا الْبَائِسَ الْفَقِيرَ  ‎ 

Ва дар миёни мардум эълони ҳаҷ кун,онҳо пиёда ва савораи ҳар маркаби лоғаре аз дараҳо (ва сарзаминҳои) амиқ ба назди ту меоянд, то (дар он ҷо) шоҳиди манофеъи худ гарданд ва номи Худоро бинобар ризқе, ки аз чаҳорпоён ба онҳо додааст, ёд намоянд. Пас аз онҳо бихӯреду бенавоёни фақирро низ таъом диҳед.[2]

Ҳаҷ||Ҳаҷҷ — зиёрати хонаи Каъба дар моҳи зулҳиҷҷа; ҳаҷҷи акбар хонаи Каъба дар соле, ки рӯзи иди қурбон ба рӯзи ҷумъа рост омада бошад.[3] Дар аввали дувоздаҳум моҳи солшумории қамарӣ ва аз ҳамин сабаб моҳи «зулҳиҷҷа» ном гирифт (ҳаҷрафта, ҳаҷдида, ҳоҷӣ)[4].

Акс:Time of Adhan, Great Mosque of Mecca - Jan 6, 2018.webm
Вақти азон, Масҷидулҳароми Макка - 6 январи 2018

Мувофиқи ислом, ҳар мусалмон дар ҳаёти худ, лоақал як маротиба бояд барои зиёрати хонаи Каъба биравад (ҳаҷ), оне ки қудрату тавоногӣ дошта бошад (имконият). Пас аз ин ӯ соҳиби унвони «ҳоҷӣ» мешавад, ва ҳуқуқи пӯшидани салла, ки ранги сабз дорад, пайдо мекунад. Агар инсон, бо сабабҳои асоснок зиёрат карда натавонад, ӯ ҳуқуқ дорад ба ҷои худ каси дигарро, ки «вакилулҳоҷӣ» ном дорад, аз ҳисоби худ равон кунад (ин гуна инсон танҳо оне метавон бошад, ки пеш зиёрат карда буд)[4].

Масҷидулҳаром дар вақти ҳаҷ — 2007

Решаи "ҳаҷ", аз қадимулаём омадааст ва маънояш тавофӣ — яъне «тоб хурдан», «гирд гаштан», ки дар забони арабӣ ҳамчун ифодаи «зиёрат кардан» қабул шуд[4].

Ҳаҷ се воқеаро дар таърихи ислом қайд мекунад: бахшидан ва якҷоя кардани Одам (с) ва Ҳаво пас аз рондани онҳо аз Биҳишт, қурбонии фарзанди худ Исмоил (с) аз ҷониби Иброҳим (с) ва зиндагии Паёмбар Муҳаммад (с) ҳамчун намунаи банда ва фармонбардори Парвардигор[4].

Арзиши рӯҳии ҳаҷ дар он аст, ки ҳамаи мусалмонон метавон баҳри ибодати Худои Ягона раванд. Дар вақти ҳаҷ, тавофон "«меҳмонони Аллоҳ»" дар Хонаи Ӯ мешаванд, ки ҳамаи мусалмонони ҷаҳон ба ҳамин Хона рӯ оварда, панҷ вақт дар як рӯз ибодат мекунанд (дар вақти намоз). Тарки мувақатии хонаи хеш ва бардошти мушкилиҳои сайр, тавофон бо ҳамин рӯҳи худро тоза мекунанд. Онҳо аз Парвардигор хоҳиш мекунанд, ки гуноҳҳои кардаашонро бубахшад ва меҳрубонии Худро зоҳир кунад. Тавофон дар вақти ҳаҷ борҳо дуъоро такрор мекунанд: «Дар инҷо дар хидмати Ту ҳастам, Парвардигор! Дар инҷо дар хидмати Ту ҳастам! Нест ба Ту баробар! Танҳо Туро мепарастам, аз Ту ҳама некӣ! Нест салтанате ба ҷуз салтанати Ту, нест ҳокимияте ба ҷуз ҳокимияти Ту!»[4].

Урфҳои асосии ҳаҷро (маносиқ ул-ҳаҷ) Паёмбар Муҳаммад (с) муқаррар карда буд, дар вақти «ҳаҷҷи хайрбод» (ҳаҷ ал-видо), ки соли 632-и ҳиҷрӣ воқеъ гашт. Қонуни шариат якчанд талабот муайян кардааст, ки дар вақти ҳаҷ муҳим аст:

  1. мусалмон бояд ба балоғат расида бошад;
  2. ақли соф дошта бошад;
  3. бояд озод бошад;
  4. моли кироӣ дошта бошад, ки тавофии худро таъмин кунад, инчунин таъмини хонаводаи худ;
  5. ӯ бояд ҷисман солим бошад (ба андозаи кофӣ);
  6. бехатарии худро дар роҳ қудрати таъмин кардан дошта бошад;
  7. бармаҳал раҳсипор шавад, ки тавонад сари вақт урфҳои ҳаҷро баҷо оварад (дар рӯзи 7-ми моҳи «зулҳиҷҷа»).
Расми муслимони осмионӣ, ки чӣ тавр дар гирди Каъба дар Макка тоб хурда истодаанд, пас аз он чунон ба назар мерасад, ки рӯи Муҳаммад (с) бо матоъи сафед фаро гирифтааст.

Дар вақти ҳаҷ мусалмон уҳдадор аст: пӯшидани либоси махсус - эҳром; тавофии якуми гирди Каъба - «тавоф ат-таҳия»; вуқуф дар кӯҳи Арафот - «вуқуф»; ва тавофии дувум, «хайрбодӣ» гирди Каъба (тавоф ал-видо) пас аз баргашт аз водии Арафот.

Эҳром — як муддати муайян пеш аз зиёрати Каъба барои худ ҳаром гардондани баъзе чизҳои ҳалол аз қабили истеъмоли хушбӯиҳо, ислоҳи риш ва ҳоказо; дар вақти ҳаҷ дар ҳудуде, ки муқаддас шуморида шудааст, пӯшидани порчаи сафеди нодӯхта[5].

« Яъне ту, ки Каъбаи умедӣ,
Эҳроми маро ба худ гузидӣ
Шоҳин
»

Эҳром гирифтан — яъне маросими эҳром баҷо овардан ҳам аз ҷиҳати рӯҳӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҷисм (бадани хеш), ки барои ин бояд бадан пурра тоза бошад (ғусл) ва пӯшидани либосҳои махсус. Бонувон, либоси кушоди сафед пӯшида сарро бо рӯймол мепечанд ва ин амалро чунон бояд кард, ки ба ғайр аз рӯ, банди даст ва кафи по дигар узвҳо ноаён бошад. Мардон, ду матоъи оддии сафед: яке пойҳоро ки аз сон то зону мепӯшонад, дигаре ба китфи чап гузошта мешавад. Ин либосҳо ифодаи рамзи покии ният ва баробарии тавофон дар назди Парвардигор аст[4].

  1. http://dic.academic.ru/dic.nsf/bse/146420/Хаджж
  2. Сураи Ҳаҷ. Оятҳои 27, 28.
  3. Фарҳанги забони тоҷикӣ 1969 ҷ.2 саҳ.742
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 4.5 http://www.religio.ru/lecsicon/21/166.html Бойгонӣ шудааст 6 Январ 2015  сол. Паломничество в Мекку
  5. Фарҳанги забони тоҷикӣ с.1969 ҷ.2 саҳ.620