Jump to content

Ҳенрик Ибсен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳенрик Ибсен
Henrik Johan Ibsen[1]
Ном ба ҳангоми таваллуд: англ. Henrik Johan Ibsen[1]
Тахаллусҳо: Brynjolf Bjarme[1]
Таърихи таваллуд: 20 март 1828(1828-03-20)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 23 май 1906(1906-05-23)[1][2][3][…] (78 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: намоишноманавис, шоир, либреттонавис, коргардон, нависанда
Солҳои эҷод: 1850[1]1906[1][5]
Жанр: драма[6] ва шеър[6]
Забони осор: Забони норвегӣ[7][8] ва забони даниягӣ[7]
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
hf.uio.no/is/tjen…(норв.)(англ.)
nb.no/forskning/i…(норв.)
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Ҳенрик Юҳон Ибсен (норвегӣ: Henrik Johan Ibsen; 20 март 1828[1][2][3][…], Stockmanngården[d], Шиен[d], Норвегия[1][2]23 май 1906[1][2][3][…], Кристиания[d], Норвегия[1][2]) — драматург, шоир ва публитсист; яке аз поягузорони театри миллии Норвегия ва бунёнгузорони драмаи навини Аврупо.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падари бозаргонаш пас аз он ки варшикаста шуд (1843), Ҳенрик Ибсен тарки хонавода намуд ва дар шаҳри Гримстод дар дорухонае ба шогирдӣ машғул шуд. Пас аз таҳсил (1850) роҳбари бадеии нахустин театри миллии Норвегия дар Берген (1852-57) ва роҳбари Театри Норвегия дар Кристиани (1857-62) буд. Ба адабиёт ҳамчун шоир ворид гардид (1849). Нахустин асари саҳнавии Ҳенрик Ибсен фоҷиаи манзуми «Катилина» (бо илҳом аз осори Ф. Шиллер) соли 1849 мунташир шуд. Шеъру мақолаҳои ӯ дар солҳои 1850 оҳанги сиёсию ватанпарастона доштанд. Дар ҳамин айёми кашмакашҳои сиёсӣ Ҳенрик Ибсен ба сиёсат гароид. Узви иттиҳодияи коргарон шуд ва муддате дар интишори чанд нашрия ширкат намуда, мақолаҳои марбут ба адабиёту сиёсату ҳунар навишт, аммо нашрияҳо мавриди таъқиби пулис қарор гирифтанд. Пас аз ин воқеаҳо Ҳенрик Ибсен аз сиёсат даст кашид. Соли 1952 ба Дания ва Олмон сафар кард. Намоишномаҳои романтикии давраи аввали Ҳенрик Ибсен «Оромгоҳи ҷангҷӯ» (1850), «Зиёфати Сулоҳок» (1955), «Муддаиён» (1963) ва водевили «Мазҳакаи ишқ» (1862) баргирифта аз устураҳо ва афсонаҳои норвегӣ буда, ба забони манзуми шоирона навишта шудаанд ва бештар таҷассумгари ормонҳои муаллифанд. Баъдан намоишномаҳои фалсафию шоиронаи «Бранд» (1865), «Пер Гюнт» (1867), «Қайсар ва Ҷалил» (1871-73) мояи шуҳрати Ҳенрик Ибсен шуданд. Дар песаҳои психологии Ҳенрик Ибсен, ки дар бораи зиндагии муосир (асосан ҳаёти мешанҳои шаҳрӣ) баҳс кардаанд («Хонаи арӯсак», 1879; «Шабаҳҳо», 1881; «Душмани мардум», 1882; «Мурғобии ваҳшӣ», 1885; ва ғ.), агарчи қаҳрамонони онҳо ба дараҷаҳои гуногун ба ормонҳои романтикӣ садоқат доранд, таъсири натурализм ба назар мерасад. Драмаҳои баъдии Ҳенрик Ибсен, — «Ромерҳолм» (1886), «Меъмор Солнес» (1892), «Элофи кӯчак» (1894), «Ҷон Гарбриэл Боркман» (1896), «Вақте мо мурдагон аз хоб бармехезем» (1899) ва ғ. масалгуна ва ба символизм наздик буда, дар онҳо ангезаи шуълавари ормонҳои романтикӣ ҷои марказиро ишғол менамояд.

Драматургияи Ҳенрик Ибсен яке аз қуллаҳои драмаи реалистӣ ва умуман адабиёти реалистии Аврупои Ғарбӣ (бавижа дар солҳои 1870-80) мебошадоктори илмҳои дар рушду такомули баъдии драматургия ва театри пешрафта таъсири бузург расонидааст. Ӯ аз ислоҳталабони театри аврупоиву ҷаҳонӣ ва аз поягузорони намоишномаҳои иҷтимоиву психологӣ аст. Адибон Г. Гауптман, А. Стриндберг, М. Метерлинк, Б. Шоу ва дигарон таҷрибаи эҷодии ӯро ба кор бурдаандоктори илмҳои ба А. Чехов ва намояндагони символизми рус (А. Блок, А. Белий, Д. Мережковский) низ таъсири бузург расондааст. Аз рӯи осори Ҳенрик Ибсен филмҳо таҳия кардаанд.