Ҳенрӣ ван де Велде

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳенрӣ ван де Велде
ҳол. Henry Clemens Van de Velde
Иттилооти асосӣ
Мамлакат
Таърихи таваллуд 3 апрел 1863(1863-04-03)[4][2][5][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 25 октябр 1957(1957-10-25)[6][2][5][…] (94 сол)
Маҳалли даргузашт
Таҳсил:

Ҳенрӣ ван де Велде (ҳол. Henry van de Velde ([ɑ̃ˈri vɑndəˈvɛldə]), 3 апрел 1863[4][2][5][…], Онтверп[d][2]25 октябр 1957[6][2][5][…], Зюрих[2]) — меъмор, мусаввир ва тарроҳи белжикӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамчун мусаввир ба неоимпрессионизм ворид шуд. Наққоширо тарк карда, соли 1892 дар Брюссел корхонаи ҳунарию саноатӣ, соли 1902 дар Веймар мактаби ҳунари бадеӣ ва соли 1926 дар Брюсел Мактаби олии миллии ҳунарҳои ороишро таъсис дод. Велде, ки ҳамеша ба эҷоди муҳити комили меъморию шайъӣ машғул буд, аз услуби ҷадид (модерн) аввал ба ратсионализм (яке аз асосгузорон ва пешвоёни ин ҷараён) ва баъд ба функсионализм гузашт. Осори Велде: ороиши дохили осорхонаи Фолкванг дар Хаген (1901—1902), ҳунаристони Веймар (1906), театри Веркбунд дар Кёлн (1914), осорхонаи Крёллер-Мюллер дар Оттерло (Ҳолландия; 1926—1937) ва ғ. Анвои мебел, чароғ ва зарфро тарроҳӣ мекард; ҳамчун назарияпардози ҳунар ва мунаққид мақолаҳо менавишт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]