Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ҳипоспадия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳипоспадия
ИхтисосMedical genetics, Мезроҳпизишкӣ Edit this on Wikidata

Ҳипоспадия (юн.-қад. Hypospadia; аз ҳипо…ва юн. spao — ёзонидан, кандан) — як нуқси модарзодӣ дар пешоброҳа (асосан дар мардон), ки сӯрохи хориҷии пешоброҳа қабл аз сари нара ва дар сатҳи таҳтонии кер ҷойгир аст. Ин сӯрох метавонад дар танаи олат ва хоя бошад[1].

Гипоспадия фақат дар ҷинси мард ба мушоҳида мерасад. Мувофиқи баъзе малъумот ба гипоспадия аз 200—500 нафар навзод як нафар гирифтор аст. Ҳангоми гипоспадия сӯрохи беруни роҳи пешоб дар зери узви таносул, дар назди хоя ва ҳатто дар қадкашак чойгир аст.

Вобаста ба ин се дараҷаи Гипоспадияро фарқ мекунанд:

  • дараҷаи I — гипоспадияи сараки олоти таносул;
  • дараҷаи II — гипоспадияи олоти таносул;
  • дараҷаи III — гипоспадияи хоя ё хояю қадкашак.

Дар натиҷаи гипоспадия аъзои таносул каҷ мешавад; дар баъзе ҳолатҳо (гипоспадияҳои дараҷаи II ва III) он то ҳадде каҷ мегардад, ки бемор наметавонад дуруст пешоб ронад (пешоб пош мехурад, ба хоя, ронҳо ва либос мерасад), бинобар ин у фақат нишаста пешоб мекунад. Дар чунин беморон алоқаи ҷинсӣ низ бо душворӣ сурат мегирад.

Ҳангоми гипоспадия сӯрохи беруни роҳи пешоб танг мешавад. Дар мавриди гипоспадияи дараҷаи ІІІ бисер вақт муқаррар кардани ҷинси кӯдак душворӣ пеш меорад, зеро олоти таносул бинобар инкишоф нафтан, ба назар мисли клитори захим (гипертрофӣ) ва хояи «дукафон» шабеҳи лабхои фарҷ менамояд. Дар ин гуна ҳолатҳо машварати духтурони мутахассис — урологҳо ва эндокринологҳо ҳатмист.

Зиёда аз 300 усули ислоҳ намудани гипоспадия мавҷуд аст. Гипоспадияи дараҷаи I муолиҷаро тақозо намекунад. Ҳангоми гипоспадияи дараҷаи ІІ ва III амалиёти ҷарроҳи зарур аст.

Ҷарроҳии гипоспадия зина ба зина сурат мегирад; максад аз он рост кардани олати таносул ва барқарор сохтани пешоброҳа мебошад. Бино ба маълумоти солҳои охир бисёр мутахассисон аз ҷарроҳии якзинавии гипоспадия ҷонибдорӣ мекунанд. Он имкон медихад, ки нуқси олати таносул дар муддати кӯтоҳ бартараф карда шавад. Яке аз чунин рохҳои муолиҷа усули S. Salinas мебошад. Афзалиятхои усули мазкур дар мавриди табобати гипоспадия аз чониби олимони ҷумҳурӣ (У. А. Қурбонов, А. А. Давлатов, С. М. Ҷанобилова) исбот шудаанд.

Кӯдакон бояд аз синни 3-5-солагӣ ҷарроҳи карда шаванд, чунки дар ин синну сол деформатсияи олати таносул ханӯз устувор нест.

  1. Merriam-Webster: America's Most Trusted Dictionary(англ.). www.merriam-webster.com. 17 октябри 2025 санҷида шуд.