Ҳипотиё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳипотиё
юн.-қад. Ὑπᾰτία
Mural feminista de Gandia - Hipàtia.jpg
Таърихи таваллуд: тақрибан 360
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: марти 415
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: ахтаршиносӣ, риёзиёт, механика ва фалсафа
Роҳбари илмӣ: Theon of Alexandria[d]
Шогирдони маъруф: Synesius of Cyrene[d]
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳипотиёи Искандарӣ (юн.-қад. Ὑπᾰτία ἡ Ἀλεξάνδρεῖα; тақрибан 360, Искандария, фармондеҳии пройтурии Шарқ[d]марти 415, Искандария, фармондеҳии пройтурии Шарқ[d]) — риёзидон, ахтаршинос ва файласуфи давраи эллинизми сонӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайрави Ямблих ва роҳбари мактаби навафлотуния. Ҳипотиё зери роҳбарии падараш Теони Искандарӣ, ки аз ҷумлаи олимони Мактаби Искандария буд, илм омӯхтааст. Тибқи маълумот тафсири китоби севвуми Батлимус «Алмагест»-ро Теони Искандарӣ ҳамроҳи Ҳипотиё навиштааст. Инчунин тафсири «Арифметика»-и Диофант ва «Буришҳои махрутӣ»-и Аполлонийро ба қалами Ҳипотиё мансуб медонанд. Лексияҳои Ҳипотиё доир ба фалсафа ва риёзиёт хеле маъмул буданд. Маълумоте мавҷуданд, ки устурлоб, ареометр, планисфераро Ҳипотиё кашф кардааст. Ҳипотиё дар корҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии шаҳр иштирок карда, зани хеле маъруфи замонааш гашта буд. Соли 415 бо иғвои усқуфи аъзам Кирилл ҳангоми исён аз тарафи роҳибон ва исавиёни мутаассиб кушта шудааст. Номи Ҳипотиё ба харитаи Моҳ дохил шуда, астероиди азиме (238), ки соли 1884 кашф гардидааст, ба номи ӯ гузошта шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]