Ҳиссачаҳои саволӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ҳиссачаҳои саволӣ, ки миқдоран андак бештаранд, на ба аъзои алоҳида,балки ба тамоми ҷумла алоқаманд мебошанд. Ҳиссачаҳои саволии оё, магар, -мӣ, -а, -чӣ баробари ифодаи савол,ки аз вазифаи асосии онҳост,гоҳе тобишҳои гуногуни модалӣ ва эҳсосӣ (ҳайрат,тааҷҷуб,норозигӣ ва ғайра)- ро низ ифода менамоянд: Оё аз ин кор ҳеҷ кас бохабар нест?(Раҳим Ҷалил);Магар шумо ҳам то ҳол ношто накарда будед? (Айнӣ); Дар таки коса нимкоса ҳаст-а? (Муҳаммадиев).[1]

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  1. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - 356с..