Ҳиссачаҳои эҳсосӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ҳиссачаҳои эҳсосӣ.Ҳиссачаҳои эҳсосӣ(эмотсионалӣ) ба ҷумла ва аьзои гуногуни он тобишҳои мухталифи эҳсосӣ ва муассирӣ (экспрессивӣ)зам намуда, қувва ва таьсиргузории суханро меафзоянд.Ҳиссачахои хай,-ку,-дия,-дия,-чӣ, охир ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд: Раҳими Ӄанди бечораро ҳай пахш мекарданд,ҳай мекӯфтанд!(Айнӣ);Гуфтам-ку меояд(Муҳаммадиев);Ҳоло ин қадар бевақт не-куя,гӯён Зебӣ ба соати деворӣ нигоҳ кард(Ниезӣ);Аз номи ман ба бой як хат нависед-чӣ (Айнӣ);О ба як чо шин,охир!(Икромӣ).


Нигаред

   Ҳиссача (дастури забон)

Манбаъ

   Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - 356с.

Гурӯҳ:

   Забони тоҷикӣ