Jump to content

Ҳиҷо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нутқи мо, ки силсилаи муттасили овозист, метавонад аз чанд ҷиҳат таҷзия шавад. Дар таҷзияи лингвистӣ (забонӣ) воҳиди хурдтарин овози алоҳида - фонема мебошад. Аммо аз нуқтаи назари талаффуз ҳадди охирини тақтеъ ҳиҷо аст. Аз ҳамин сабаб ҳиҷоро воҳиди хурдтарини талаффуз меноманд. Ҳиҷоҳо аз ҳамнишиниҳои гуногуни овозҳои садонок ва ҳамсадо ташкил мешаванд ва дар ҳама гуна шароиту муҳити нутқ яклухтӣ ва тақсимнопазирии худро нигоҳ медоранд: Суб-ҳи со-диқ да-мид.Вобаста ба овозҳои охир ҳиҷоҳо кушода ва баста мешаванд. Агар ҳиҷо бо садонок тамом шуда бошад (бо-бо, зо-ну, Со-ро, са-да), кушода ва агар бо ҳамсадо ба охир расад (боғ-бон, сад-барг, нар-гис, шоҳ-мот), баста меноманд.

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985.- с.48