Ҳокимияти иҷроия
Ҳокимияти иҷроия — яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки амалан ҳаёту фаъолияти ҳар як халқу давлатро мураттаб месозад. Ҳокимияти иҷроия дар низоми муайяни мақомоти давлатӣ таҷассум ёфта, фаъолияти созандагиву иҷроияро амалӣ менамояд. Тибқи консепсияи давлати ҳуқуқбунёд функсияи асосии ҳокимияти иҷроия - иҷрои қонунҳои қабулкардаи парлумон мебошад. Ҳокимияти иҷроия сиёсати давлатӣ ва иродаи давлатиеро, ки дар қонун инъикос гардидааст, ба таври ташкилӣ-ҳуқуқӣ дар ҳаёт татбиқ менамояд.
Дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал намояндаи Президент - Раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия амалӣ мегардонад. Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро дар воҳидҳои маъмурию марзӣ Раис сарварӣ мекунад. Раис дар назди мақомоти болоӣ ва Маҷлиси вакилони халқи дахлдор масъул аст. Мақоми худидоракунии шаҳраку деҳа ҷамоат аст. Мақомоти намояндагӣ ва Раис дар доираи салоҳияти худ санадҳои хуқукие қабул мекунанд, ки иҷрояшон дар каламрав ҳатмист.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - C 510