Ҳоли монандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳоли монандӣ амалу ҳолатро ба амалу ҳолати дигар дар ифодаи муқоиса, монандӣ нишон медиҳад. Ин ҳол бо ёрии пешояндҳои таркибии ба монанди, ба мисли, пешояндҳои номии монанди, мисли, ҳамчун, чун, пасоянди барин ифода мешавад.

Мисолҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Акнун рӯяш чун себи рахш медурахшид, чашмонаш монанди ситораи саҳарӣ нур мепошид (Садриддин Айнӣ).
  • Вай бардурӯғ худро монда шудагӣ барин нишон додааст.
  • Мурғи посӯхта барин ба ҳар сӯ метохт (Раҳим Ҷалил).

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Луғати синонимҳои забони тоҷикӣ.- Душанбе:Маориф,1993.- с.226