Ҳоли сабаб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳоли сабаб сабаби воқеъ шудан ё нашудани амалу ҳолатро фаҳмонда, бештар бо зарфҳои сабаб,бо исм ва ибораҳои исмӣ, таркибҳои ҷонишинӣ, бо феъли ҳол ва ибораҳои он, бо масдар ва ибораҳои масдарӣ, инчунин ибораҳои рехта ифода меёбад.Ҳоли сабаб бо ёрии пешояндҳои таркибии аз рӯйи, ба сабаби, дар натиҷаи, ба шарофати, ба туфайли ва ғайра меояд.

Мисолҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ӯро аз барои чилимкашиаш чандин бор дашномҳои сахт дода будам (Садриддин Айнӣ).
  • Ғӯзапояҳо ҳам дар натиҷаи меҳнатҳои пай дар пай шоху паҳлу дода, кӯрак баста буданд (Садриддин Айнӣ).

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Луғати терминҳои забоншиносӣ.- Душанбе:Маориф,1983.-с.226