Ҳоли тарзи амал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ҳоли тарзи амал тарз, аломат ва ҳолати иҷрои амалро фаҳмонда, асосан бо зарфҳои ҳолат (далерона, хурсандона, содалавҳона), зарфҳои тарзи амал (пиёда, савора, нохост), такрори исмҳо (даста-даста, гурӯҳ-гурӯҳ), сифатҳо (нағз, хуб, беҳтар), такрори шумораҳо (ду-ду, ягон-ягон, панҷ-панҷ), такрори калимаҳои тақлиди овозӣ (даранг-даранг, ҷаранг-ҷаранг), феълҳои ҳол (лангон-лангон, давдавон) ифода меёбад. Ҳоли тарзи амал иҷрои амалро дар ифодаи муқоиса низ нишон медиҳад. Ҳоли монандӣ (булбул барин,шоирвор, ошиқона) иҷрои амалро дар муқоиса фаҳмонда, дар ҷумла вазифаи ҳоли тарзи амалро иҷро мекунанд.

Мисол[вироиш]

  • Калонсолон оҳиста-оҳиста, бачаҳо давон-давон ба тарафи ҷӯйбори калон рафтанд (Сотим Улуғзода).

Нигаред=[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  • Луғати терминҳои забоншиносӣ.- Душанбе:Маориф,1983.-с.227