Ҳосиб Тошев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ҳосиб Тошев
Ҳосиб Сангович Тошев
Санаи таваллуд:

25 июл 1946(1946-07-25)

Зодгоҳ:

Норак, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Санаи марг:

11 июл 2018(2018-07-11) (71 сол)

Маҳалли марг:

Норак

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

кимиё

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои химия

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Ҳосиб Сангович Тошев (тав. 25.07.1946, ш. Норак - ваф. 11.07.2018, ш. Норак), кимёшинос, номзади илмҳои биологӣ (1988), дотсент (1990).

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1964–1969 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1969–1970 афсари Артиши Шӯравӣ, 1971–1975 ассистенти кафедраи химияи органикӣ ва биологии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1975– 1976 коромӯзи назди факултети химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1979 муаллими калони кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1979–1982 аспиранти Институти таърихи табиатшиносӣ ва техникаи Академияи илмҳои ИҶШС дар ш. Москва буд. Солҳои 1983–1990 ҳамчун муаллими калони кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, 1990–1993 дотсенти кафедраи методикаи таълими биология ва химия, 1993–1998 мудири кафедраи номбурда дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Аз соли 1998 то ба имрӯз дотсенти кафедраи технология ва экологияи химиявӣ мебошад. Муаллифи 2 китоби дарсӣ, 2 дастури таълимию методӣ, зиёда аз 100 мақолаҳои илмию методӣ ва мураттиби 8 барномаи таълимию методӣ аст. Оид ба пайвастагиҳои фаъоли биологӣ дар растаниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмӣ бурдааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1987) сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш]

  • Методикаи омӯзиши асосҳои истеҳсолоти химиявӣ, Д., 1996;
  • Витаминҳо ва дигар пайвастаҳои фаъоли биологӣ (Дастури таълимӣ аз химияи организмҳо барои синфи 10), Д., 1996;
  • Омӯзиши маводҳои маҳал дар курси химияи мактаби миёна (Дастури таълимӣ аз химияи ғайриорганикӣ барои синфҳои 8-9), Д., 1997;
  • Осори ниёгон дар таълими химия, Д., 1997;
  • Корҳои амалӣ аз химия барои синфҳои 8-9, Д., 1998;
  • Химия (Китоби дарсӣ барои синфи 8), Д., 2002;
  • Биологияи умумӣ (Китоби дарсӣ барои синфи 10), Д., 2008;
  • Первые отечественные исследования химического состава растительных объектов // Труды XXVI научной конференции аспирантов и молодых специалистов ИИЕиТ АН СССР. Секция истории биологии и биоорганической химии, М., 1982;
  • Белок зерна пшеницы возделываемой в условиях Таджикистана // Дар маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии «Тадқиқотҳои навини назариявӣ ва амалии химиявӣ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д., 2010.

Пайвандҳои беруна[вироиш]