Иффати Қоҷор
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз Ҳумоюн-султонхонум)
Иффати Қоҷор |
|---|
Ҳумоюн Султонхонум Иффати Қоҷор (форсӣ: همایون سلطان خانم عفت قاجار) — ориф ва шоир ва хушнависи эронӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар қарни XIX зиндагӣ кардааст. Нахустин духтари Фатҳалишоҳи Қоҷор (ҳукмронӣ 1797−1834). Аз илмҳои расмии давр, инчунин аз нуҷум, ҳайат, муқаддамоти арабӣ огоҳ будааст. Хатҳои шикаста ва настаълиқро хуб менавишт. Бештар дар пайравӣ аз Ҷалолуддини Балхӣ («Маснавии маънавӣ») шеър сурудааст.
Абёти зер аз ӯст:
Ғайри ишқам ҳеч дар тақрир не,
Дил зи ёди ишқ ҳаргиз сер не.
Ташнагонро нест лаззат ғайри об,
Хастагонро нест роҳат ғайри хоб.
Ғарқадардарё нахоҳад ҷуз канор,
Дар зимистон ҳар касе ҷӯяд баҳор.
Ҳар киро бошад баҳоре дар ҷаҳон,
Ишқ мебошад баҳори ошиқон….
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иффат / У. Назиров // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.