Jump to content

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон — унвони фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо он ҳунарпеша, коргардон, дирижёр, консертмейстер, балетмейстер, корманди эҷодии театр, кино, телевизиону радио, филармония, сирку ансамбл, дастаи ҳунарӣ, мутрибе, ки маҳорати баланди иҷрокунандагӣ дошта, дар рушди ҳунари Тоҷикистон ва дар тарбияи насли эҷодкор саҳми арзанда гузошта, аз рӯи ихтисос 15 сол ва зиёда аз он фаъолият кардааст ва чун қоида ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, қадрдонӣ мешавад[1].

Унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ба ҷойи унвони фахрии замони шӯравӣ «Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон» (аз соли 1939)[2] ҷорӣ карда шудааст.

  1. Моддаи 28. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.12.2020 № 1732 «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». mmk.tj. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2 Декабри 2021 санҷида шуд.
  2. Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон // А — Гавҳар. — Д. : СИЭСТ, 1978. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 1).