Ҳусен Бегимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳусен Худоёрович Бегимов (тав. 28. 01. 1961, ноҳияи Қамаши ҶШС Ӯзбекистон), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (2010).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1978–1980 ҳамчун сохтмончӣ дар трести «Душанбестрой» кор кардааст. Солҳои 1980–1982 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1982–1987 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил дошт. Солҳои 1987–1989 муаллими математика ва физикаи мактаби миёнаи №31 ноҳияи Комсомолобод, 1989–1991 лаборанти калон, 1992–1994 ассистент, 1994–1997 аспирант, 1997–2000 ассистенти кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2000 ҳамчун муаллими калони кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ ва ҳамзамон муовини декани факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ оид ба таълим фаъолият дорад. Оид ба асосҳои дидактикии ташаккули донишҳои фанҳои дақиқ дар хонандагони синфҳои ибтидоӣ кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмӣ, илмию методӣ ва оммавӣ мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002) сарфароз шудааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҷмӯи кор бо мактаббачагони хурдсол доир ба шинос кардани онҳо бо ҷузъиёти физика, Д., 2007; Познавательные возможности формирования элементов естественных дициплин ӯ младших школьников // Вестник Таджикского национального университета, 2010, №4 (60).

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]