Ҳушанги Ибтиҳоҷ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ҳушанг Ибтиҳоҷ
форсӣ: امیر هوشنگ ابتهاج
هوشنگ ابتهاج (ه.ا.سایه)- Hooshang Ebtehaj.jpg
Ном ба ҳангоми таваллуд:

Амир Ҳушанги Ибтиҳоҷ

Тахаллусҳо:

Ҳ. И. Соя

Санаи таваллуд:

25 феврал 1928(1928-02-25) (91 сол)

Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

шоир, муаллиф, мусиқидон, нависанда

Забони осор:

забони порсӣ

Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Амир Ҳушанги Ибтиҳоҷ (форсӣ: امیر هوشنگ ابتهاج‎, мутхаллис ба Ҳ. И. Соя, форсӣ: ه. ا. سایه‎‎; 25 феврали 1928, Рашт, устони Гелон) — шоири эронӣ, аз беҳтарин ғазалсароёни муосири Эрон.

Зиндагинома[вироиш]

Ҳушанг Ибтиҳоҷ дар соли 1927 дар шаҳристони Рашт (дар шимоли эрон) чашм ба ҷаҳон кушод ва пас аз он, ки таҳсилоти худро дар он шаҳр ба поён расонид, ҳамроҳи хонаводааш рошии Теҳрон шуд.

Сабк[вироиш]

Ғазали ӯ, ки аз ранги иҷтимои бисёр зарифе моя мегирад, ёдовари сурудаҳои дилкаши ғазалсароёни номии шеъри клоссикии Эрон аст. Дар нахустин дафтари шеъри худ — «Нахустин нағмаҳо» Соя бештар аз Ҳофиз таъсир пазируфтааст, аммо дар дафтари баъдии худ — «Сароб» тақрибан ба навъе ба истиқлол расидааст ва ин китоб аз ҳайси қолабҳои шеърӣ ва аз ҳам аз диди навоварию баёни дарёфтҳо ва таҷоруби шахсӣ ва завқӣ чашмгир аст ва дар осори баъдии Соя зулоли шеъраш гуворотар мегардад ва «ман» — и фардии ӯ табдил ба «Ман»-и ҷамъи мешавад ва ашъораш бозтоби орзуҳо ва таманниёти ҷомеа мегардад ва шеъру забону дардҳову ормонҳояш ба мардум наздику наздиктар мешавад. Ӯ худ дар ин бора мегӯяд:

« Замоне буд, ки ман ҳанӯз душману дӯсти худро нашинохта будам, ҳанӯз ошиқи бузургамро наёфта будам, бо дигарон месӯхтам, аммо шеъри ман сароб буд ва дар поёни он рӯзгор навиштам: ба ҳангоме ки хурӯши хашму фарёди дард дар пардаи дили ту меовезад, ман барои дилам, барои ишқи беморам овоз хондаам, ҳангоме, ки чеҳраҳои зарду шикастаи ҳаммеҳанони ман ман бо ашку хун оғӯшта мешавад, ман барои гулҳои ёс, барои шабҳои маҳтобӣ, барои хобҳо ва руъёҳои худ шеър сурудаам. Шеъри ман ҳамчун нолаи шаб овози андӯҳу парешонӣ ва шикаст шудааст ва ман дигар намехоҳам, ки чунин бошад. Ман овози хешро дар ин дили танг сар хоҳам дод ва ин орзуро, ки саргузашти ранҷу разми пуршукӯҳи инсонҳост, аз миёни ҳисорҳои вайрони шаби хунолуд ба гӯши дуртарин ситораи бедори осмон хоҳам расонд ва чунин кардам. »

Соя ҳам дар қолабҳои куҳан ва ҳам дар сабки нимоӣ устод аст. Ғазалиёти модерн ва дорои сохту муҳтавои мутафовит аст. Вай дар паноҳи баҳрагириҳои баҷо ва баҳинҷори ғазал сабки ироқӣ, а ҷойе, ки бар боварҳои хештан басе устувор ва пойдор монда ва ба худ муттакист, сурудаҳояшро бархурдор аз волоӣ ва шоистагиҳои вижа сохта, ки дар ин паҳно шеъри ӯро мумтозу барҷаста намуда ва ӯро дар канори ғазалсароёни бузурги муосир ҳамчун Шаҳриёр, Имоди Хуросонӣ ва Симини беҳбаҳонӣ менишонад. Дар заминаи шеър Нимо низ ашъораш саршор аз халлоқият ва навоварист.

Ғазалҳои Сояро метавон ҳадди восит байни ғазали суннатӣ ва ғазали нави муосир ба шумор овард ҳам аз ҳайси бофти калом ва ҳам аз ҷиҳати гароиш ба муҳтавои иҷтимоию сиёсӣ. Гароиши Соя ба шеъри нимоӣ гоҳ ба ғазалҳои ӯ бо вуҷуди шӯру шевоии хос ҳуввияте клоссик доранд. Ба таври куллӣ метавон гуфт: Соя шоире маъногаро ва мутаҳҳид аст ва шеъраш зимни бархурдорӣ аз зебоиҳои каломӣ ва балоғӣ, ки бисёр маҳсус ва малмусанд ва аз ибҳому иҳом ба дуранд, иртиботе содаву самимӣ бо хонанда барқарор мекунад ва аз ҳаёҳу ва ҷанҷолу шиорҳои рӯзмарра ва таккрорӣ ба дур аст ва ба қавли худаш:

« биниши ҳунариро бо нигараи инсонӣ дар ҳам меомезад. »

Эътиқодаш ин аст, ки маонии зеҳнии шоир бояд шакле ҳунарӣ дошта бошад, то тавони раҳоёбӣ ба ҳофизаи адабӣ ва мардумро пайдо кунад. Албатта бад-ин тартиб шеър наметавонад яксӯя ва яксара дар банди фикри шахсӣ бимонад. Қаламраве он тарафтар барои шоири имрӯз матраҳ аст ва он қаламрави инсон васоили инсонӣ аст. Соя аз маъдуди шоироне аст, ки ба чанд шаҳри шӯравӣ, аз ҷумла Ереван, Маскав, Ленинград, Тошканд, Самарқанд ва Бухорову Киев сафар кардааст (1965) ва шеъри «ман ба боғи гули сурх» ҳосили ин сафар аст.


Осор[вироиш]

  1. «Нахустин нағмаҳо»
  2. «Сароб»
  3. «Сиёҳмашқ»
  4. «Шабгир»
  5. «Замин»
  6. «Чанд барг аз ялдо»
  7. «Сиёҳмашқи 1, 2, 3»
  8. «Ойина дар ойина»
  9. «Ёдгори сарви хун»
  10. «Девони ашъор»

Намунаи ашъор[вироиш]

Лаби хомӯш
Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ.Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ
Ин дур(р) ҳамеша дар садафи рӯзгор нест,Мегӯямат, вале ту куҷо гӯш мекунӣ.
Дастам намерасад. Ки дар оғӯш гирамат.Эй моҳ, бо кӣ аст дар оғӯш мекунӣ.
Дар соғари ту чист, ки бо ҷуръаи нахустҲушёру мастро ҳама мадҳуш мекунӣ.
Май ҷӯш мезанад ба дили хум, биё, бубин,Ёде агар зи хуни Сиёвуш мекунӣ.
Гар гӯш мекунӣ, сухане хуш бигуямат,Беҳтар зи гавҳаре, ки ту дар гӯш мекунӣ.
Ҷоми ҷаҳон зи хуни дили ошиқон пур аст,Ҳурмат нигаҳ дор, агар нӯш мекунӣ.
Соя, чун шамъ шӯъла дар афкандаӣ ба ҷамъ,З-ин достон, ки бо лаби хомӯш мекунӣ.

Манбаъ[вироиш]

  • Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. – Душанбе 2012. - С.248