Ақли маснӯӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҳуши маснӯӣ)
Jump to navigation Jump to search
Роботи дорои ақли маснӯӣ бо ном Kismet дар Осорхонаи Донишкадаи технологиии Массачусетс, соли 2006.

Ақли маснӯӣ (АМ, англ. Artificial intelligence, AI, баъзан вақт англ. machine intelligence номида мешавад) — ин ақли мошинҳо аст, дар муқоиса бо ақли табии, ки ба одамон хос мебошад, илм ва фановарии сохтани мошинҳои ақлдор ва махсусан барномаҳои компютерии ақлӣ.[1]

Китобҳои таълимии пешрафта соҳаи ақли маснӯиро ҳамчун омӯзиши «вакилони соҳибақл» муайян мекунанд: ҳама гуна таҷҳизоте, ки муҳити атрофро дарк мекунад ва амалҳоеро иҷро мекунад, ки барои расидан ба ҳадафҳояш надик намояд. Ҳангоми суханронӣ одамон, истилоҳи «ақли маснӯӣ»-ро одатан барои тавсифи мошинҳое (ё компютерҳое), ки функсияҳои «маърифатӣ»-и тафаккури инсонӣ аз қабили «омӯзиш» ва «ҳалли мушкилот» дорад, истифода мебаранд, .[2]

Ба ибораи дигар ақли маснӯӣ оиди системаҳое гуфта мешавад, ки метавонанд вокунишҳои монанди рафторҳои инсони оқил, аз ҷумла дарки шароити печида, монандсозии равандҳои тафаккурӣ, шеваҳои далеловарии инсонӣ ва посухи муваффақ ба онҳо, ёдгирӣ ва тавоноии касбу дониш ва далел барои ҳалли масъалаҳоро дошта бошанд.

Эзоҳ[вироиш]

  1. What is Artificial Intelligence? FAQ аз Ҷон Маккарти, 2007
  2. Definition of AI as the study of intelligent agents:* Poole, Mackworth & Goebel 1998, p. 1, which provides the version that is used in this article. Note that they use the term «computational intelligence» as a synonym for artificial intelligence.