Ҳуши умумии маснӯъӣ
Ҳуши умумии маснӯъӣ ё ЭйҷиАй (ба инглисӣ: Artificial general intelligence) ба гунае аз ҳуши маснӯъӣ ё ҳӯшвора гуфта мешавад ки тавоноии анҷоми ҳар вазифаеро дорад ки як инсони ҳӯшиманд метавонад анҷом диҳад. Бар хилофи системҳои ҳӯши маснӯии имрӯза, ки фақат барои анҷоми корҳое хос тарроҳӣ шудаанд — монанди ташхиси чеҳра, тарҷумаи забон, ё пешниҳоди видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ — ҳӯши умумии маснӯӣ аз инфитозпазирии баланде бархурдор аст. Ин навъи ҳӯш метавонад масъалаҳои тозаро дарк кунад, дар заминаҳои гунагун ёд бигирад, ва тасмимҳои мантиқӣ бигирад, ҳатто агар пештар барои он корҳо омӯзиш надида бошад. Акнун, ҳӯшҳои маснӯии мавҷуд монанди он чи дар дастиёрҳои савтӣ ё худравҳои худрон истифода мешавад, ҳар кадом маҳдуд ба як ё чанд ҳавзаи мушаххас ҳастанд. Ин системҳо наметавонанд хориҷ аз заминае ки барои он тарроҳӣ шудаанд амал кунанд; масалан, як системаи тарҷумаи забон наметавонад худров ронад ё мақола нависад, магар ин ки ба таври хос барои он вазифа омӯзиш дода шуда бошад. Аммо ҳӯши умумии маснӯӣ монанди як инсон метавонад аз дониш ва таҷрибаи худ дар як замина барои ҳалли масъалае дар заминаи дигар истифода кунад. Яке аз вижагиҳои калидии ҳӯши умумии маснӯӣ, тавоноии «ёдгирии интиқолӣ» аст; яъне метавонад омӯхтаҳояшро аз як вазъият ба вазъиятҳои ҷадид интиқол диҳад. Ба унвони мисол, агар ёд бигирад ки чӣ гуна шатранҷ бозӣ кунад, шояд битавонад аз ҳамон маҳоратҳои барномарезӣ ва пешбини барои ёдгирии бозии ҷадиде монанди Гу истифода кунад, бидуни он ки аз нав барои он омӯзиш бинад. Ин шабеҳи ҳамон корест ки инсонҳо анҷом медиҳанд: мо аз таҷрибаҳои пешин барои дарк ва ҳалли вазъиятҳои ҷадид истифода мекунем.