Ҳуқуқи интихоботӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳуқуқи интихоботӣ - маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиест, ки тартиби ташкил ва ҷамъбасти интихоботи намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва Раиси ҷумҳурро танзим карда, усулҳои низоми интихоботро муқаррар менамоянд. Меъёрҳои ҳуқуқии интихобот барои муқаррар ва таҳкими муносибатҳои зайл таъйин шудаанд:

  1. муайян кардани доираи ашхосе, ки ҳуқуқи интихоб кардан (ҳуқуқи интихоби фаъол) ва ҳуқуқи интихоб шудан (ҳуқуқи интихоби гаирифаъол) ба Раиси ҷумҳур ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллӣ доранд;
  2. муқаррар кардани усулҳои интихобот;
  3. тартиби ташкил ва ҷамъбасти интихобот;
  4. муайян кардани муносибати интихобкунандагон бо вакилон.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 524